Тоҷикистон дар раддабандии амнияти кишварҳо барои сайёҳон мақоми 93-юмро ишғол кард. Рейтинг аз ҷониби таҳлилгарони сомонаи фаронсавии баҳодиҳӣ ба суғуртаи сайёҳони Insurly таҳия шудааст.

Дар рейтинг маълумот дар бораи шумор ва такрори офатҳои табиӣ, сифати низоми тандурустӣ, сатҳи ҷиноятҳои зӯроварона ва таҳдидҳои террористӣ ба инобат гирифта шудааст.

Мувофиқи ин усул, аз 100 холи имкопазир Тоҷикистон 53 хол гирифт. Соҳаи тандурустии кишвар 60 хол, хатари дучоршавӣ ба амали зӯроварона - 59 хол, хавфҳои офатҳои табиӣ - 43 хол ва хатарҳои истифода аз нақлиёт - 40 хол баҳогузорӣ шудааст.

Рейтинг маълумот дар бораи 180 кишварро дар бар мегирад. Дар се зинаи аввал Швейтсцария – 93,4 хол,  Сингапур – 92,7 ва Норвегия – 91,1 ва дар се зинаи охир – Ҷумҳурии Африқои Марказӣ – 19,7 хол, Ҷумҳурии Демократии Конго – 15,4 ва Судони Ҷанубӣ – 14,8 хол ҷойгир шудаанд.

Байни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Эстония (зинаи 15-ум) рейтинги баландтар дорад. Дар идома Литва (43), Латвия (45), Ӯзбекистон (46), Беларус (48), Озарбойҷон (52), Туркманистон (60), Молдова (66), Гурҷистон (68), Қазоқистон (71), Арманистон (72), Украина (83), Русия (86) ва Қирғизистон (106) қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.