То субҳи 21-уми феврал дар Чин 889 ҳолати нави сирояти коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Тавре Комиссияи миллии тандурстии Чин хабар медиҳад, шумори умумии гирифторни беморӣ 75 ҳазору 465 нафарро ташкил медиҳад.

Давоми як шабонарӯз 118 нафар фавтида, ба сурати умум аз коронавирус 2236 нафар ҷон бохтанд.

Зикр мешавад, ки боз 2109 нафар беморон муолиҷа ва аз бемористонҳо рухсатӣ шудаанд. Аз оғози хуруҷи беморӣ дар Чин 18 ҳазору 264 нафар шифо ёфтаанд.

Дар кишварҳои боқимондаи саросари ҷаҳон коронавирус дар беш аз 1 ҳазор нафар ошкор шудааст, асосан дар Ҷопон. Дар берун аз ҳудуди Чин бар асари ин беморӣ 11 нафар вафот карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.