Чанд рӯз қабл дар Facebook сурате нашр шуд, ки дар он президенти Русия Владимир Путин кимоно (сарулибос барои гӯштин)-и истеҳсоли ширкати тоҷикистонии “Firuz”-ро дар бар дорад. Мо бо муассиси ин ширкат Музаафар Искандаров дар тамос шуда, маълум кардем, ки ин кимоно чӣ тавр ба дасти Путин расидааст.

Туҳфа ба зодрӯз

Ба гуфтаи муассиси ширкат, кимоноро Владимир Путин соли 2012 зимни боздид аз Тоҷикистон дар ҷашни зодрӯзаш аз сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гирифтааст.

Туҳфа ба ҷашни зодрӯзи Владимир Путин
Акс аз ҷониби Музаффар Искандаров пешниҳод шуд

“Ба мо супориш доданд, ки барои Путин махсус кимоно дӯзем. Андоза ва дигар нишондиҳандаҳоро пешниҳод карданд ва мо давоми як шабонарӯз онро омода кардем. Аз ҳамон матоъҳое дӯхтем, ки барои дигар кимоноҳо истифода мебарем. Сипас Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни зодрӯз онро ба Владимир путин туҳфа кард”, - иброз дошт Искандаров.

Рекламаи бепул аз Путин

Искандаров изҳор дошт, ки моҳи феврали соли 2019 вақте Путин бо кимонои дӯхтаи ширкат назди мардум баромад, ин барояшон ногаҳонӣ буд.

“Ин натанҳо барои ширкати мо, балки барои тамоми Тоҷикистон ифтихор аст. Ҳамон шаб аз гӯшаву канори гуногуни дунё – Амрико, Итолиё, кишварҳои ИДМ ва дигар давлатҳо занг зада, бархе моро табрик карданд ва чандеи дигар кимоно фармоиш доданд. Ёд дорам, дар занге аз Итолиё гуфтанд: “Ба ман кимонои мисли Путин лозим аст”. Хурсандии мо ҳадду канор надошт. Барои мо як рекламаи бепул буд. Ба туфайли ин, акнун моро қариб дар тамоми ҷаҳон мешиносанд”, - мегӯяд Музаффар.

1/4

Ба гуфтаи Искандаров, айни замон дар Русия кимонои ширкати “Фирӯз” ҳамчун “кимонои Владимир Путин” фурӯхта мешавад.

“Мо бо дастаи варзишии “ЯВАРА-Нева”, ки президенташ Владимир Путин аст, ҳамкории хуб дорем. Кимонои моро онҳо боре ба актёри маъруф Стивен Сигал ва сиёсатмадор Владимир Жириновский ҳадя карданд”, - афзуд Музаффар.

1/2

Кимоно дар кишварҳои узви ИДМ ва Аврупо

Ширкати “Firuz” соли 1995 дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз карда, ба истеҳсоли кимонои варзишӣ бо афзалият ба таъмини сарулибос барои намояндагони гӯштини тарзи дзюдо машғул аст.

“Дар Русия 20 сол инҷониб фаъолият дошта, дар беш аз 35 шаҳри Русия, ҳамчунин бисёре аз кишварҳои ИДМ ва Аврупо намояндагиҳои худро дорем. Истеҳсолот асосан дар Тоҷикистон ва қисмате аз он дар Русия ба роҳ монда шудааст. Дафтари асосии кории филиал дар шащри Маскави Русия воқеъ аст. Маҳсулот аз Тоҷикистон ба он ҷо тариқи контейнерҳо фиристода мешавад”, - илова кард Искандаров.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.