АНОНС

- Дар мусобиқаи даври финалии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон вохӯриҳои зерин баргузор мешаванд: «Истаравшан» – «Локомотив-Помир» (11:00, Варзишгоҳи марказии Ҳисор) ва «Равшан» – КМВА (ССКА) ВМ ҶТ. (15:00, Варзишгоҳи марказии Ҳисор).

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

Сурат: Tiroz.org

1 доллари ИМА -  9.6950 сомонӣ;

1 евро – 10.4745 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ - 0.1500 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2011 – Дар Тоҷикистон Қонун дар бораи масъулият доштан барои ноором кардани вазъ ҳукми қонунии худро гум кард.

1946 – Зодрӯзи муаррих Хушвақтшо Давронов.

1960 – Мавлуди доктори улуми техникӣ, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Талбак Салимов.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Имрӯз ҷашни Масленистса оғоз мегардад. Имсол он ба рӯзи 24 феврал рост омада, то 1 март идома меёбад. Масленитса- иди анъанавии славянитаборҳо буда, қабл аз "Великий пост" (Рӯзаи бузург) дар дини православиҳо қайд мегардад. Ин ид одатан дар охири зимистон ва аввали баҳор иттифоқ меафтад.


Тибқи тақвим Масленитса 56 рӯз пеш аз "Иди пок" (Пасха) баргузор мегардад. Ин ид ба пешвози баҳор ташкил мешавад. Чалпак (блин)-е, ки сари миз гузошта мешавад, рамзи Офтобро дорад.

24 феврал барои мардуми Куба санаи таърихиси - Рӯзи оғози мубориза барои ба даст овардани соҳибистиқлолӣ (исп. Guerra de Independencia cubana). Дар ин рӯзи соли 1895 ҳаракати нави инқилобӣ оғоз гардид, ки дар як муддати кӯтоҳ аз ҷониби қишри хеле зиёди аҳолӣ дастгирӣ ёфт.


Дар ин рӯз 168 сол пеш нависанда Николай Гогол ҷили дуюми “Мертвые души» (Ҷонҳои мурда)-ро сӯзонд. Ҷилди аввали «Ҷонҳои мурда» соли 1842 нашр шуд.


82 сол пеш бори нахуст дар ҷаҳон шёткаи дандоншӯйӣ бо нахи синтетикӣ истеҳсол шуд, ки як инқилобе дар ин соҳа дониста мешуд.


ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борон борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 10-15 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 5+10° гарм, рӯзона 14-19° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5° гарм, рӯзона 7+12° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 2-7° хунук, рӯзона 3+8° гарм, дар шарқи вилоят ҳарорати ҳаво тағйир ёфта шабона 17-22° хунук (дар мавзеи Булункӯл 35-37° хунук), рӯзона 3-8° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борон борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришот (борон. барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 4+9° гарм, рӯзона 13+18° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз -4+1° хунук то 2-7° хунук, рӯзона 1+6° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 7+9° гарм, рӯзона 15+17° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 4+6° гарм, рӯзона 13+15° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 6+8° гарм, рӯзона 16+18° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 5-7° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.