Ҷашнвораҳои Осиёи Марказӣ ҳамеша дӯстону ҳамфикрон ва тамошобинонро гирдиҳам меоранд ва дар онҳо гуногуншаклии минтақа таҷассум меёбад. Дар ин ҷашнвораҳо (фестивалҳо) тамошобинон бо фарҳангу расму оин ва таърихи ин ё он кишвари минтақа аз наздик ошно мегарданд.

Дар бораи 5 ҷашнвора дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки соли 2020 баргузор мешаванд, "Открытая Азия онлайн" маълумот додааст.  

FOURЭ

Сурат: 4e.kz

FourЭ – ҷашнвораи байнулмилалӣ зери осмони кушод аст, ки дар мавзеъҳои хушманзари назди шаҳри Алмаато ҳазорон нафарро ҷалб мекунад. Дар он расму оинҳои миллии зиёфат бо тарбузи хунук зимни даромад ба ҷашнвора, кокулбофӣ, тарзи анҷоми навиштаҷот бо ҳино, иди рангҳо ва намоиши сарулибоси миллӣ ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Фестивал дар реҷаи nonstop ҷараён мегирад: дар ҳама вақти шабонарӯз якчанд майдонҳои он кор мекунанд.

Макони баргузорӣ: Қазоқистон, вилояти Алмаато, ноҳияи Талгар.

Қирғизистон – кишвари филмҳои кӯтоҳмуддат

Сурат: sputnik.kg

Ин ҷашнвораи ҳамасола соли 2011 таъсис гардида, дар он филмҳои беҳтарини муосири коргардонҳои кишварҳои узви ИДМ, Балтика ва Гурҷистон намоиш дода мешаванд. Ҳадаф аз баргузори ҷашнвора таваҷҷуҳ ба муҳимияти филмҳои кӯтоҳмуддат ва дарёфи имконоти нави кинематограф унвон мешавад. Дар ин ҷашнвора мукофотҳои пулӣ ва хотиравӣ пешбинӣ шудааст. Ифтитоҳи он маъмулан 12-уми декабр доир гардида, то 15-уми декабр идома меёбад.

Макони баргузорӣ: Қирғизистон, шаҳри Бишкек.

Ҷашнвораи мусиқии электронии "Стихия"

Сурат: residentadvisor.net

"Стихия" (Унсур, Табиат) – лоиҳаи ҳамкории ҳавасмандону муштоқон ва ҳукумати Ӯзбекистон мебошад. Рисолати ҷашнвора дар огаҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз мушкилоти хушкшавии Баҳри Арал ва истифодаи оқилонаи об ифода меёбад. Он дар канори баҳри хушкшуда баргузор мешавад ва барои шахсони эҷодкор як имкони пешниҳоди роҳи ҳалли ин мушкил маҳсуб меёбад.

Макони баргузорӣ: Ӯзбекистон, шаҳри Муйнак.

Ҷашнвораи оши палав

Сурат: sxodim.com

Ҷашнвора ба таъомҳои миллии Ӯзбекистон бахшида шуда, дастандаркорони он аз гӯшаву канорҳои гуногуни кишвар ошпазҳои беҳтаринро гирдиҳам меоранд. Онҳо доир ба тарзи дурусти пухтани навъҳои гуногуни оши палав машғулиятҳо мегузаронанд. Албатта, аз лаззати тановули навъҳои гуногуни оши палав низ бебаҳра намемонед.

Макони баргузорӣ: Ӯзбекистон, шаҳри Самарқанд.

Этнофестивали “Боми Ҷаҳон”

Сурат: travelcalendar

"Боми ҷаҳон"  – ҷашнвораи ҳамасолаи мусиқӣ дар шаҳри Хоруғ аст, ки дӯстдорони мусиқии этникӣ (қавмӣ)-ро натанҳо аз Тоҷикистон, балки аз кишварҳои хориҷи дуру наздик гирдиҳам меорад. Дар ин ҷашнвора сарояндагону навозандагон аз Афғонистон, Олмон, Қазоқистон, Қирғизистон, ИМА ва Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ мекунанд. Ҳамчунин дар бораи анъана ва расму оин, фарҳанги халқҳои гуногун филмҳои мустанад намоиш дода мешаванд.

Макони баргузорӣ: Тоҷикистон, шаҳри Хоруғ.

Оё интихоб кардед, ки ба кадом ҷашнвора меравед?

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.