Айни замон сохтмони ин маҷмааи варзишӣ амалан ба итмом расида, танҳо корҳои овардану насби таҷҳизот боқӣ мондааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе хабар дод, маросими ифтитоҳи маҷмааи варзишии универсалӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр сохта шудааст, дар доираи ҷашни Рӯзи пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Бунёди маҷмаа соли 2011 оғоз гардида, то имрӯз барои иҷрои корҳои сохтмон дар он 850 млн сомонӣ (87 млн доллар) маблағ сарф шудааст.

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон ҳамасола дар рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад. Имсол он ба 18-уми апрел рост меояд.

Маҷмаа дар 10 гектар

Маҷмааи бузургмиқёси варзишӣ дар майдони 10 гектар назди боғи фарҳангу фароғати ба номи Умари Хайём, байни нишебӣ ва теппаҳои Лучоб ва дарёи Душанбе воқеъ аст.

Фармоишгари сохтмони иншоот Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе” ва паймонкор – ҶДММ “Строй Комплекс” мебошад. Дар баробари ҶДММ “Строй Комплекс” ҳамчунин 19 ширкати ватанӣ ва хориҷӣ низ ба корҳои сохтмон дар иншоот машғуланд.

Ба корҳои сохтмон сокинони маҳаллӣ низ ҷалб шудаанд: дар бунёди иншоот то 2 ҳазор нафар машғули кор буда, баъди ба истифода додани он беш аз 600 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва музди меҳнати хуб таъмин карда мешаванд.

Лоиҳаи иншооти мазкур аз ҷониби мутахассисони гурӯҳи ширкатҳои «Ростовгипрошахт»-и Русия бо назардошти шароити маҳал таҳия шудааст.

Маҷмаа аз майдон ва толорҳои гуногуни варзишӣ иборат буда, дар онҳо барои баргузории ҳама гуна мусобиқаҳои сатҳи байнулмилалӣ шароит фароҳам шудааст.

Аз ҷумла, 7 майдони машқи теннис ҳар кадоме бо 150 ҷойи нишаст ва кохи теннис бо 3 ҳазор ҷойи нишаст вуҷуд дорад.

Дар маҷмаа қасрҳои пӯшида ва нимапӯшида, варзишгоҳ ва майдонҳои гуногуни варзишӣ барои бозии теннис, ҳавзҳои шиноварӣ ва ғайра сохта шудаанд.

Майдонҳо ва ҳавзҳои гуногуни шиноварӣ барои гузаронидани машқҳо ва мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байнулмилалӣ, аз ҷумла, бозиҳои олимпӣ пешбинӣ шудаанд.

Дар ин маҷмаа ҳамаи хоҳишмандон – аз кӯдакони синни 7-сола то калонсолон ба варзиш машғул шуда метавонанд.

Дар қаламрави маҷмааи варзишӣ ҳамчунин сохтмони таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ барои мошинҳо низ пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.