Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз 26-уми феврал хатсайри дуюмро дар самти Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе роҳандозӣ мекунад.

Тавре аз хадамоти матбуоти ширкат хабар доданд, парвозҳо дар самти мазкур ҳафтае ду маротиба, рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе бо ҳавопаймои Боинг 737 иҷро мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ҳавопаймои ин ширкат парвози аввалини худро ба Деҳлӣ 1-уми декабри соли 2019 анҷом дод, ки тавассути он 107 нафар аз Душанбе ба Деҳлӣ сафар карданд.

Гуфта мешавад, вақти парвоз аз Душанбе – 08:30, фуруд дар Деҳлӣ – 11:30 ба вақти маҳаллӣ. Вақти парвоз аз Деҳлӣ – 13:10, фуруд дар Душанбе – 15:20 ба вақти маҳаллӣ. Давомнокии парвоз 2 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад.

Айни ҳол ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900, инчунин чархболи Airbus H125 иборат мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.