Бо мақсади шиносоии волидон аз шароити буду бош ва хизмати сарбозон дар қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ утоқҳои махсуси дидорбинӣ ва вохӯрии сарбозон муҳайё шудааст.

Тибқи иттилои ВКД, волидону наздикон ва оилаҳои сарбозон метавонанд дар лаҳзаҳои барояшон мувофиқ барои дидорбинӣ ба қисмҳои ҳарбӣ раванд.

Аз ҷумла, рӯзи 25-умии феврал падару модарон барои дидорбинӣ ва шиносоӣ бо шароити хизмати фарзандони худ ба қисмҳои ҳарбии 3502 ва 5453-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД рафтаанд.

“Муҳити тозаву озода, ободу сарсабз, шароити хобу хӯрок, ороиши ҳудуди қисмҳои ҳарбии мазкур, нуқтаҳои мутобиқ ба хизмати аскарӣ эътимоду боварии волидони сарбозонро ба хизмат афзун кард”, - омадааст дар хабари ВКД.

1/6

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.