ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

Сурат: Tiroz.org

1 доллари ИМА – 9.6800 сомонӣ;

1 евро – 10.6480 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1432 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1921 – Валериан Владимирович Куйбишев ба Душанбе омад.

1959 – Бо ҳавопаймои Ил-18 бо хатсайри Сталинобод - Маскав аввалин парвоз сурат гирифт.

1960 – Навбати аввали комбинати қолинбофии Қайроққум ба истифода дода шуд.

1992 – Дар иҷлосияи 46-уми Маҷмаи куллии Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон ба узвияти созмон пазируфта шуд.

2013 – Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии тиҷорат шуд.

1946 – Зодрӯзи журналист Муҳиддин Олимпур. Шоми 12-уми декабри соли 1995 дар роҳи хонаравӣ бедарак шуда, рӯзи дигар ҷасади ӯ дарёфт гардид.

1950-2014 – Мавлуди сароянда, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Даврон Алиматов.  Cоли 2014 аз олам даргузашт.

1951 – Зодрӯзи журналист, дорандаи ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ Холмаҳмад Хон Мавлонзода.

1959 – Мавлуди  Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Акбар Мирраҷабов.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Ҳамасола санаи 2 март яке аз идҳои ғайриоддӣ - Рӯзи байнулмилалии гӯгирд ҷашн гирифта мешавад. 


ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 3+8° гарм, рӯзона 15+20 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1°, рӯзона 8+13° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4+9° гарм, рӯзона 19-24° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7° гарм, рӯзона 14+19° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 1-6° хунук, рӯзона 6+11° гарм, дар шарқи вилоят ҳарорати ҳаво шабона 17-22° хунук, рӯзона -4+1° мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 3+8° гарм, рӯзона 18+23° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ -3+2°, рӯзона 7-12° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Шабона 4+6° гарм, рӯзона 20+22° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 7-12м/с мевазад. Шабона 5+7° гарм, рӯзона 17+19° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Шабона 5+7° гарм, рӯзона 21+23° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Шабона 2-4° хунук, рӯзона 8+10° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.