Созмондиҳандаи ҳамлаи мусаллаҳона ба сайёҳони дучархарон дар Данғара Ҳусейн Абдусамадов дар зиндон фавтидааст.
“Сабаби марги Абдусамадовро кормандони прокуратура таҳқиқ доранд. Ташхиси судиву тиббӣ гузаронида шуда, танҳо баъд аз ин ҷасад ба наздикону пайвандонаш супорида шуд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон Мансурҷон Умаров.
Ӯ изҳор дошт, ки “Абдусамадов аз шиканҷа ҳалок нашудааст”.
“Нисбат ба ӯ аз шиканҷа истифода нашудааст, ман шахсан ба баргузории ташхис манфиатдор будам, то ки баъд ҳар чиз нагӯянд”, - қайд кард Умаров.
Зикр шуд, ки ҷараёни баргузории ташхис дар навори видео ва аксҳо сабт шуд, то ки “баъдан ҳар гуна овозаҳо паҳн нашаванд”.
Дар ҳамин ҳол, дар бораи натиҷаҳои ташхис чизе гуфта нашуд.
“Рӯзҳои наздик дар бораи натиҷаҳо маълумоти расмӣ мешавад”, - гуфт Умаров ва илова кард, ки рӯзҳои охир Абдусамадов бемор буд.
Ёдрас мекунем, ки охири моҳи июли соли 2018 дар Тоҷикистон 4 нафар сайёҳони хориҷӣ бераҳмона ба қатл расонида шуданд. Дар қаламрави ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара нахуст сайёҳонро мошин пахш карда, сипас одамони аз сабукрав беруномада ба онҳо ҳамла карданд.
Он замон 4 нафар сайёҳон ҳалок шуданд: ҳамсарони 29-сола аз ИМА Ҷей Остин ва Лорен Гейган, сокини Нидерланд Рене Вокке ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус. Ду нафари дигар – Ким Постма ва Дименд Мари Клер ҷароҳат бардоштанд.
Аз 5 нафари бевосита ба сайёҳон ҳамлакарда танҳо Ҳусейн Абдусамадов зинда монд, ки 21-уми ноябр ба ҳабси абадӣ маҳкум шуд. Боқимонда 4 нафари ҳамлакарда дар ҷараёни амалиёти махсус кушта шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста