Бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик дар шаҳри Душанбе Фестивали анъанавии “Оши палав” баргузор мешавад.

Мувофиқи қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, фестивал рӯзи 14-уми март дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ доир мегардад.

Раиси шаҳр дар бораи таъсиси кумитаи тадорукотии фестивал дастур дода, назорати иҷрои қарор ба дӯши муовинони соҳавии раиси пойтахт вогузор шудааст.

Ба Фестивал дар пойтахт ба ҷуз ошпазҳои Душанбе, инчунин ошпазҳои маъруф аз тамоми минтақаҳои кишвар – Хатлону Суғд, Ҳисору Ваҳдат ва Турсунзодаву Рӯдакӣ даъват карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли 2018 дар Душанбе аввалин Фестивали “Оши палав” доир гардида, оши 1 тоннагиро муддати ҳашт соат 7 ошпаз таҳия карданд ва ҳамин тариқ як рекорди ба худ хоси тоҷикӣ гузоштанд.

Барои таҳияи он 250 кило биринҷ, 200 кило гӯшт, 350 кило сабзӣ, 90 литр раған, 30 кило пиёз, як кило зира, панҷ кило мавиз ва як кило нахуд истифода шуд”.

Дар аввалин Фестивали “Оши палав” дар пойтахт 200 нафар ошпазҳо аз шаҳри Душанбе, 50 нафар – аз Хатлону Суғд, 15-нафарӣ – аз Турсунзодаву Ҳисор, 30 нафар – аз ноҳияи Рӯдакӣ ва 1 ошпаз аз шаҳри Ваҳдат иштирок карданд.

Соли 2016 оши палав ба Феҳристи меросии фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.