Дар Душанбе бо ташаббуси намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ нишасти корӣ вобаста ба таҳияи нақшаи вокуниш ба ҳолати фавуқулодда дар робита ба коронавируси навъи COVID-19 ҷараён дорад.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, зимни нишаст муовини вазир Мирҳамуддин Камолзода қайд кард, ки айни ҳол бо мақсади пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба кишвар, дар назди ҳукумат ситоди ҷумҳуриявӣ ва дар назди ҳама вазорату идораҳои давлатӣ ситодҳои дохилӣ фаъолият мекунанд.

Аз 1-уми феврал то 10-уми марти соли равон 1583 нафар шаҳрвандоне, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Италия, Эрон ва Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, ба карантин фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора то дирӯз 1147 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол дар беморхонаҳои сироятии мамлакат 436 кас дар карантин қарор доранд.
Ҳамзамон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар медиҳад, ки то имрӯз сирояти коронавирус дар мамлакат ба қайд гирифта нашудааст. Аммо новобаста ба ин, чораҳои пешгирӣ ҷиҳати интиқоли сирояти мазкур ба мамлакат пурзӯр карда мешаванд.

Таъкид шуд, ки аз ҷониби ҳукумат, вазорати тандурустӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ ҳамаи чорабиниҳо оид ба пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба роҳ монда шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, нишасти мазкур то 12-уми март идома ёфта, нақшаи вокуниш ба ҳолати фавқулодда дар робита ба коронавируси навъи COVID-19 дар Тоҷикистон таҳия карда хоҳад шуд.

Акс аз торнамои moh.tj

Қобили зикр аст, ки айни замон парвози ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба шаҳрҳои Урумчи, Машҳад ва Кобул, инчунин фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ ба шаҳрвандон аз Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Эрон ва Афғонистон қатъ шудааст.

Вазъи эпидемиологӣ дар робита ба сирояти коронавирус тайи ду ҳафтаи охир ноустувор боқӣ мемонад. Паҳншавии он дар Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Эрон, Олмон, Фаронса ва Ҷопон ба мушоҳида мерасад. Дар берун аз ҳудуди Чин беш аз 35 ҳазор нафар сироятёфтагон ошкор шуданд. Ҳолатҳои сироятёбӣ имрӯз дар 115 кишвар ва қаламравҳо ба қайд гирифта шуда, шумори сироятёфтагон дар саросари дунё қариб 120 ҳазор кас ва шифоёфтагон беш аз 65 ҳазор нафарро ташкил додааст. Бар асари гирифторӣ ба ин беморӣ зиёда аз 4 ҳазор кас фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.