Дар маркази пойтахт шомгоҳ сайр карда, бо ҷараёни корҳои омодагии шаҳр ба ҷашни Наврӯз шинос шудем.

Дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе рамзи бузурги ҷашни Наврӯз – табақи майсаи суманак қомат афрохт, ки баландиаш 30 метр ва масоҳати давраш 16 метр аст.

Дар майдон инчунин рамзҳои фарорасии баҳор – ниҳоли дарахтони мевадор, гулҳои гуногун ва дигар рамзҳои ҷашни Наврӯз ба намоиш гузошта шудааст. Ба наздикӣ дар ин ҷо ярмаркаи ҳунармандону косибон кушода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки дар доираи тадбирҳои пешгирии паҳншавии коронавирус имсол дар Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Наврӯз чорабиниҳои оммавӣ ва сериздиҳом баргузор намешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.