Русия ба кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла, Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳудуди 800 маҷмӯаи тест-низомҳои шакли навро барои ташхиси коронавирус дар озмоишгоҳ (лаборатория) дод.
Бино ба иттилои сомонаи Роспотребнадзор, тест-низомҳо дар маркази илмии вирусшиносӣ ва биотехнологияи “Вектор”-и назди ин хадамот коркард шудаанд.
Гуфта мешавад, ин тест-низомҳо инчунин ба Озарбойҷон, Муғулистон, Кореяи Шимолӣ ва Эрон фиристода шудаанд. Онҳо ба мутахассисон барои баргузории 80 ҳазор таҳқиқот имкон медиҳанд.
Роспотребнадзор дар робита ба бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар Эрон, ба ин кишвар 500 маҷмӯаи чунин тест-низомҳоро ба таври ройгон дод, ки барои гузаронидани 50 ҳазор ташхис пешбинӣ шудааст.
Зикр мешавад, ки айни замон тест-низомҳои Роспотребнадзор ба 10 кишвари хориҷи дур ва наздик фиристода шуда, бо истифода аз онҳо дар қаламрави кишварҳои Арманистону Беларус ҳолатҳои беморӣ ошкор шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Боздошти ду мансабдор бо иттиҳоми порагирӣ ва заминфурӯшӣ
Муҳоҷирон бо як патент метавонанд дар якчанд минтақаи Русия кор кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста