Дар асоси шартномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон чанде қабл 9 адад техникаи махсус (экскаваторҳои тасмачарх) бо ронандагонашон аз Ӯзбекистон барои тоза кардани канали калон ба шаҳри Ҳисор  омаданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ ва МГ назди ҳукумати ҶТ, корҳои тозаю барқароркунии канали калони Ҳисор рӯзи 8-уми марти соли ҷорӣ аз ҷамоати шаҳраки Ҳисор оғоз гардида, то мавзеи сарбанди канали мазкур (дарёи Душанбе) дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе идома меёбад.

Гуфта мешавад, тибқи нақша дар ҳудуди шаҳри Ҳисор 18 км корҳои поксозии дохил ва канораҳои канали номбурда ба анҷом расонида мешавад. То рӯзи 11-уми март ҳудуди 6,3 км (3,15км ва 3,15км аз ду канори канал) корҳои тозаю барқарорсозӣ ҷараён гирифтанд.

“Илова бар ин, рӯзи 11-уми март ҳукумати шаҳри Ҳисор 3 адад техникаи махсус ва 30 нафар аз ҷумлаи сокинони рустоҳои канори каналро барои тоза кардани он аз партовҳо ва дарахтони атроф сафарбар кард”, - қайд мешавад дар хабар.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки дар шаҳри Ҳисор ронандагони экскаваторҳо аз Ӯзбекистон бо се вақт ғизои гарм ва ҷойи хоб пурра таъмин карда шудаанд.

Қобили зикр аст, ки сохтмони канали калони Ҳисор моҳи сентябри соли 1940 тариқи ҳашар дар Душанбе оғоз шуда, солҳои душвори ҷанг низ корҳо дар ин шабакаи муҳими обёрӣ қатъ нашуданд. Расо баъд аз ду сол, дар моҳи сентябри соли 1942 бунёди канал ба итмом расид.

То имрӯз ин канал ризқрасони тамоми водии Ҳисор боқӣ мемонад. Дарозии он 49,3 километрро ташкил медиҳад. Канали калони Ҳисор наздики 30 ҳазор гектар заминҳои ноҳияҳои тобеи маркази Тоҷикистон ва беш аз 10 ҳазор гектар заминҳои Ӯзбекистонро обёрӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.