АНОНС

- Дар қаҳвахонаи The Place таҳти унвони “Ман, Мо Занон – пурифтихор садо медиҳад” (Я, Мы Женщины – звучит гордо) вохӯрии занони ҳомии ҳуқуқ доир мегардад, ки дар он вазъи риояи ҳуқуқи занон дар ҷомеа баррасӣ мешавад. Оғоз соати 18:00. Ташкилкунандагони чорабинӣ: Ниссо Расулова ва Таҳмина Ҳакимова. Телефонҳо барои маълумот: 907-31-05-55, 933-87-22-37. Даромадан озодона аст.


- Дар доираи ташаббуси муштараки ilmhona Skills Accelerator ва UNDP in Tajikistan оид ба масъалаи қабули қарорҳо бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ Хакатон Code Green баргузор мешавад. Дар он ҷавонони аз синни 15-сола боло, таҳиягарони барномаҳои Android ва Web, фаъолони бахши экология иштирок карда метавонанд. Хакатон имрӯз оғоз гардида, то 15-уми март идома меёбад. 

- Дар Душанбе байни дастаҳои вазорату идораҳо ва корхонаву ташкилотҳо мусобиқа оид ба футзал барои дарёфти “Ҷоми пойтахт” оғоз мегардад. Мусобиқа то 17-уми апрел идома меёбад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

Сурат: Tiroz.org

1 доллари ИМА – 9.7000 сомонӣ;

1 евро – 10.9038 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1288 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2007 Ифтитоҳи хатсайри нави ҳавоии Урумчӣ-Хуҷанд-Урумчӣ.

2010 Дар Душанбе намояндагии Донишкадаи фарҳанги ЭКО боз шуд.

2016 – Дар низоми бонкии Тоҷикистон боз як бонки нав – «Бонки байнулмилалии Тоҷикистон» ба фаъолият шурӯъ кард.

1912 – Зодрӯзи нависанда Разиюлло Абдуллозода.

1930 – Мавлуди дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Ҷумъа Одинаев.

1935 – Зодрӯзи драматург Султон Сафаров.

1937 – Мавлуди журналист Қаландаршо Додарҷонов.

1938 – Зодрӯзи адабиётшинос Ансор Афсаҳов.

1939 – Мавлуди доктори улуми фалсафа Давлатхоҷа Назиров.

1943 – Зодрӯзи Давлат Худоназаров, коргардони кино, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ.

1946 – Мавлуди Толиб Шаҳидӣ, оҳангсоз, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Имрӯз ҷашни касонест, ки хобиданро дӯст медоранд – Рӯзи умумиҷаҳонии хоб. Он ҳамасола рӯзи ҷумъаи пеш аз эътидоли баҳоронаи шабу рӯз доир мегардад. Кайҳост, ки муфид будани хоби комил барои солимии инсон исбот шудааст.


Рӯзи миллии фили таиландӣ. 13 марти соли 1963 Департаменти хоҷагии ҷангали Таиланд фили сафедро ҳайвони миллии давлат эълон кард.


 239 сол пеш дар ин рӯз ситорашинос (астроном)-и англис Уилям Гершил сайёраи ҳафтуми низоми Офтобӣ – Уранро кашф кард.


103 сол пеш рӯзи 13 март шумораи аввали газетаи “Известия” бо номи «Извѣстія Петроградскаго совѣта рабочихъ депутатовъ» нашр шуд, ки аз соли 1991 нашрияи мустақил шуда, имрӯз яке аз расонаҳои маъруфи Русия мебошад.


ВАЗЪИ ҲАВО

Рӯзҳои 13-17 марти соли ҷорӣ дар ноҳияҳои кӯҳии НТМ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, шоҳроҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Нуробод-Тавилдара ва дар баъзе ноҳияҳои ғарбии ВМКБ фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 13+18 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9° хунук, рӯзона 5+10° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 16+21° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона 7+12° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 0-5° хунук, рӯзона 7+12° гарм, дар шарқи вилоят шабона 16-21° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 13+18° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 2-7° хунук, рӯзона 6+11° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Шабона -1+1°, рӯзона 15+17° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Шабона -1+1°, рӯзона 15+17° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Шабона 3+5° гарм, рӯзона 16+18° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Шабона 1-3° хунук, рӯзона 8+10° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.