Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки дар доираи омодагӣ ба мавсими “Ҳаҷ-2020” коммиссияҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ таъсис дода шавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, тибқи қарори раиси пойтахт, Комиссияи шаҳрӣ оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор кардани мавсими “Ҳаҷ-2020” бояд то 20-уми март рӯйхати ягонаи ҳаҷравандагони шаҳри Душанберо ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ ирсол намояд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари хуруҷи коронавирус дар Чин ва паҳншавии он дар бисёре аз кишварҳо, ҳукумати Арабистони Саудӣ вуруди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, Тоҷикистонро ба кишвар барои адои маросими ҳаҷи умра муваққатан манъ кард.

Мувофиқи квотаи ҷудошудаи ҳукумати Арабистони Саудӣ, соли гузашта ҳудуди 5 ҳазор тоҷикистонӣ ба адои маросими ҳаҷ дар маконҳои муқаддаси Ислом мушарраф гардида, арзиши ҳаҷ барои ҳар кадоме аз онҳо 35 ҳазору 138 сомонӣ (соли 2018 – 33,4 ҳазор сомонӣ)-ро ташкил дода буд.

Ҳамчунин тибқи муқаррароти Арабистони Саудӣ аз нафароне, ки дар панҷ соли ахир ҳадди ақал як маротиба маносики ҳаҷро ба ҷо овардаанд, дар ҳаҷми 534 доллари амрикоӣ иловапулӣ ситонида мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.