Аз моҳи март то августи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2020” дар се давр гузаронида мешавад.

Даври аввали он 10-уми март дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти кишвар оғоз шуда, то 10-уми майи соли ҷорӣ давом меёбад, хабар медиҳад маркази матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Даври дуюм моҳи июн дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сурат мепазирад.

Даври ниҳоӣ ва гулчини фестивал-озмун аз 1 то 9 август бо иштироки 14 дастаи ҳунарии шаҳру ноҳияҳои ғолиб дар толори Муассисаи давлатии “Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев”-и шаҳри Душанбе доир мегардад.

Созмондиҳандагони озмун вазорати фарҳанги кишвар якҷо бо кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ мебошанд.

Зикр шудааст, ки дастаҳои ҳунарӣ дар интихоби мавзӯъ ва ҳунарнамоӣ соҳибихтиёр мебошанд. Вале мақсаду меҳвари асосии фестивал-озмун ва мавзӯи марказии ҳар бахши ҳунарӣ бояд марбут ба истиқлолияти ҷумҳурӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, инъикоси рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандорӣ, ифтихори миллӣ, тарғиби арзишҳо ва мероси пурғановати фарҳанги миллӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, ваҳдату ягонагӣ, дӯстии халқҳои сарзамини Тоҷикистон бошад.

“Андалеб” падидаи солҳои навадуми қарни ХХ буда, аз он давра то кунун дар тарбияи истеъдодҳо нақши муассир мегузорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.