Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар ипподроми Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 28-уми март мусобиқаҳои миллии “Пойга” ва “Бузкашӣ” гузаронида мешавад.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ин мусобиқаҳо бо мақсади тарғиби расму оинҳои миллӣ, равнақ додани анъанаҳои миллии бузкашӣ ва аспдавонӣ ташкил шуда, сокинон ва дӯстдорони ин навъи варзиш метавонанд дар онҳо ширкат варзанд.

Иштирокчиёни фаъол ва ғолибони мусобиқаҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, Наврӯзи ҷумҳуриявии имсола дар назар аст, бо иштироки президенти Тоҷикистон ва ҳудуди 25 ҳазор меҳмону тамошобин аз дохилу хориҷи кишвар, ҳамчунин бо ҷалби зиёда аз 10 ҳазор хонандаю донишҷӯ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шавад.

Барои омодагӣ ба ин маросим дар варзишгоҳи ба номи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд “маршировка”-и хонандагону донишҷӯён ҳамарӯза ҷараён дорад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан масъулини якчанд мақомоти давлатӣ эълом доштанд, барои пешгирии сирояти коронавирус чорабиниҳои оммавӣ қатъ карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.