Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт озмунҳои шаҳрии «Оилаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» гузаронида мешавад.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, комиссияи озмун иборат аз намояндагони шаҳрдорӣ, вакилони маҷлиси шаҳр натиҷаи озмунҳоро бо назардошти номзадҳои аз тарафи комиссияҳои ноҳиявӣ пешниҳодшуда то 1-уми сентябри ҳар сол ҷамъбаст мекунад.

Тибқи шартҳои озмун комиссия дар оилаҳо шароити таҳсилу тарбияи кӯдакон, нигоҳубини шахсони пиронсол, иштироки аҳли оила дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳамчунин сатҳи ободии маҳаллаву кӯча, риояи қонуният дар сохтмони зербино дар он ҷойҳо, фаъолнокии сокинон дар корҳои ҷамъиятӣ ва дигар масъалаҳоро месанҷад.

Ба ғолибони озмун дар ҳар кадоме аз бахшҳо ифтихорнома ва ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад. Зинаҳои дуюму сеюми бахшҳои озмун ҳар кадоме мутаносибан бо 4 ва 2 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.