Дар шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки дар ҳамаи 4 ноҳияи пойтахт рӯзҳои ҷашни Наврӯз зери фазои кушод консертҳо доир мегарданд.
Ба ин тариқ, дар боғи “Куруши Кабир” ноҳияи Шоҳмансур (мавзеи Театри опера ва балет) ноҳияи Исмоили Сомонӣ – дар боғи Айнӣ, ноҳияи Фирдавсӣ – дар боғи ба номи Фирдавсӣ ва Сино – дар майдони назди бинои Прокуратураи генералии Тоҷикистон консертҳо баргузор мешаванд.
Ба суол дар бораи андешидани тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва муҳофизат аз коронавирус дар ин чорабиниҳо аз шаҳрдории пойтахт посух доданд, ки “сарфи назар аз хатари паҳншавии коронавирус, дар ҳар як ид барои таъмини шаҳрвандон тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд ва ин дафъа низ ҳамин тавр мешавад”, лекин мушаххасан дар бораи тадбирҳо чизе гуфта нашуд.
Дар доираи чорабиниҳои наврӯзӣ дар “Амфитеатр”-и Душанбе консерти сарояндаҳои маъруфи эстрадаи тоҷик Сурайё Қосимова, Шабнами Сурайё, Хайриддини Шариф, Мадина Ақназарова, Сафармуҳаммади Рустам, Чоршанбе Аловатов, Зафар Абдуалимов барпо мешавад.
Ин консерт аз ҷониби шаҳрдории Душанбе ташкил шуда, рӯзи 23-юми март (оғоз соати 18:00) доир мегардад.
Ҳамчунин рӯзҳои ид дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Наврӯз якчанд консерт баргузор мешавад.
Дар ипподроми пойтахт мусобиқаҳои пойгаи аспдавонӣ гузаронида мешаванд.
Қаблан дар Вазорати фарҳангӣ ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки таҷлили Наврӯзро касе манъ накардааст.
“Ҷашнгирии Наврӯз дар саросари Тоҷикистон сурат мепазирад. Ягон фармон ё қарор дар бораи бекор кардани таҷлили Наврӯз содир нашудааст. Наврӯз бояд ҷашн гирифта шавад, зеро он иди миллии мост”, - изҳор дошт ба “Азия-Плюс” муовини вазири фарҳанг Обидҷон Назариён.
Ҷараёни омодагӣ ба таҷлили ҷашни Наврӯз дар Хуҷанд:
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Ташнаи коргар”. Дар Русия эҳтиёҷ ба қувваи корӣ зиёд мешавад
Қабули санадҳо барои таҳсил дар хориҷа оғоз шуд. Кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Дар Душанбе як ноболиғи 17- сола падарандарашро куштааст
Ҳунарманде, ки бо ифтихор бори театру синаморо мекашад
50 ба 50. Телефон барои санҷиши номи муҳоҷирон дар “рӯйхати сиёҳ” чӣ хел кор мекунад?
Таҳқиқот: Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷирон дар Русия забони русиро хуб медонанд
Намояндаи “Барқи тоҷик” гуфтааст, аз маҳдудияту интиқоли барқ ҳангома насозед ва онро сарфа кунед
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар”
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА беҳтар шуд
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СААД Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоҳои худ чӣ гуфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста