Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда оид ба бемории коронавирус дар саҳифаи YouTube навори видеоӣ пешниҳод кардааст.

Маводи мазкур имкон медиҳад, ки ҳар нафар барои беҳтар азхуд кардани қоидаҳои пешгирии сирояти коронавирус ва риояи онҳо маълумоти пурра дастрас намояд.

Гуфта мешавад, маводи видеоиро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии ҶТ бо иштироки Хазинаи кӯдакони ЮНИСЕФ таҳия кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.