Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов аз ҳукумати ин кишвар дархост кард, ки муҳоҷирони тоҷикистонӣ барои фурсат наёфтанашон ҷиҳати саривақт тарк кардани қаламрави Русия ҷазо дода нашаванд.
Дар суҳбат бо нашрияи КоммерсантЪ ӯ эътироф кардааст, ки дар робита ба вазъи ҳозираи қатъ ё маҳдудияти равуои қатора ва парвози ҳавопаймоҳо, “аз қаламрави Русия берун баровардани ҳамаи коргарон ва донишҷӯёни тоҷик ғайриимкон аст”.
“Ба назарам, дар ин вазъ талаб кардани он, ки ҳама қаламрави Русияро тарк кунанд, мувофиқи мақсад набуда, ғайриимкон аст, - иброз доштааст ӯ ба нашрия. - Аз ин рӯ, ба онҳо (шаҳрвандони Тоҷикистон - «Ъ») имкони ҳуқуқӣ додан лозим аст, ки қонунро вайрон накарда, дар ҷойе, ки қувваи корӣ зарур аст, қонунӣ фаъолият кунанд”.
Сафири Тоҷикистон ҳамчунин зикр кардааст, ки то вақте муҳоҷирони кории нав ба Русия намеоянд, кори онҳоро муҳоҷирони дар ин кишвар ҳузурдошта иҷро карда метавонанд. Дар ҳамин ҳол, ӯ пешниҳод кардааст, ки шароити будубош дар Русия сабуктар карда шавад.
“Агар мо нияти кумак ба корхона ва ширкатҳоро дар ин вазъ дошта бошем, дар бораи патентҳои корӣ, ки муҳоҷирон айни замон имкони пардохти маблағи онро надоранд, бояд фикр кунем. Шояд муваққатан пардохти маблағи патент боздошта шавад, то ки онҳо рӯзгори худ ва фаъолияти мунтазами корхонаҳои Русияро таъмин карда тавонанд”, - гуфтааст Сатторов.
Қобили зикр аст, ки Русия аз 18-уми март вуруди хориҷиёнро ба қаламраваш манъ карда, дар ин робита ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвози тайёраҳоро қатъ ё шуморашонро кам карданд. Мақоми муҳоҷироне, ки дар Русия боқӣ мемонанд, то ҳол мушаххас нест.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста