Дар пайи хуруҷи коронавирус дар Ӯзбекистону Қирғизистон ва эълони баста шудани сарҳадот бо ҳамсоякишварҳо, давоми се рӯзи охир сокинони Хуҷанд барои харид ва захираи маҳсулот ба бозору мағозаҳо баромаданд. Дар натиҷа арзиши маҳсулоти ниёзи аввал боло рафт.

Масалан, нархи як халта орд дар бозору мағозаҳои маркази вилоят рӯзи гузашта вобаста ба сифат ва намудаш аз 200 то 210 сомонӣ, картошка аз 3,5 то 5 сомонӣ, равғани 4-литра аз 48 то 52 сомонӣ арзиш дошт. Шаҳрвандон низ бештар ин маҳсулотро мехариданд. Аммо пеш аз овозаҳо нархи як халта орд аз 185 то 195 сомонӣ, картошка аз 2 то 4 сомонӣ ва равған аз 46 то 50 сомонӣ арзиш дошт.

Бо мақсади ба таҳлука наафтодани мардум, шурӯъ аз 17-уми март то имрӯз дар назди театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал аз қабили орду равған, картошка ва гӯшт ҷараён дорад. Тавре аз Маркази матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ҳамарӯза дар ярмарка ба ҳисоби миёна 50 тонна орд, 5 тонна равған, 12 тонна картошка ва 2 тонна гӯшт пешниҳоди харидорон карда мешавад.

Дар ин ярмарка нархи як халта орд вобаста ба сифат ва намудаш аз 185 то 200 сомонӣ, арзиши равғани 4-литра 45 сомонӣ, нархи картошка аз 2 сомонию 50 дирам то 3 сомонию 70 дирам, нархи 1 кг гӯшти гов 38 сомонӣ пешниҳоди харидорон шудааст, ки аз бозор ба ҳисоби миёна то 10-15 дарсад арзон мебошад.

1/16

Бино ба иттилои масъулин, чунин ярмаркаҳо дар шаҳрҳои саноатии вилояти Суғд, аз ҷумла, Хуҷанду Бӯстон ва Гулистону Истиқлол ташкил карда шудааст. Ҳамзамон ба бозори “Гулистон”-и шаҳри Хуҷанд 300 тонна ва ба дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1200 тонна орд фиристода шудааст.

Дар шарҳи ин масъала Музаффар Юнусов, сардори маркази матбуоти раиси вилояти Суғд гуфт: “Шаҳрвандон набояд ба таҳлука афтода, аз баста шудани сарҳад изҳори нигаронӣ кунанд. Имрӯз дар Хуҷанд ярмаркаи калон ташкил шуда, маҳсулоти бештар пешниҳоди харидорон карда мешавад”.

“Сохторҳои дахлдор захираи кофии маҳсулот, аз ҷумла, орду равған доранд, ки он барои як сол кифоя аст. Ҳозир дар анбор 15 ҳазор тонна орд ва 53 ҳазор тонна ғалла ҳаст. Бар иловаи ин, ҳар рӯз аз Қазоқистон маҳсулот оварда мешавад ва масъулини роҳи оҳан гуфтанд, ки барои гузаштани қатораҳо ягон маҳдудият нест. Бояд гуфт, ки маҳкам шудани сарҳад танҳо барои мусофирон аст, аммо барои қатора ва интиқоли молу маҳсулот маҳдудият пешбинӣ нашудааст”, - илова кард Музаффар Юнусов.

Мушоҳидаи мо аз ярмарка нишон дод, ки мардум бештар орду равған ва картошка харидорӣ мекарданд. Фурӯшандаи равған Абдурашид Пӯлодов гуфт: “Мо захираи зиёд дорем. Роҳҳо маҳкам нашудааст. Ҳама ҷо серию пурӣ. Мо интизори харидорон ҳастем”.

Яке аз харидорон Шарофат Бобоева изҳор дошт: “Нархи як халта орд 185 сомонӣ. Арзонӣ. Дида, сер шудам”.

Сокини шаҳри Хуҷанд Маъсуми Муҳаммадраҷаб мегӯяд: “Ташкили чунин ярмаркаҳо иқдоми саривақтӣ аз ҷониби ҳукумат аст, зеро ин ба мардум боварӣ мебахшад ва онҳо хотирҷамъ мешаванд, чун мебинанд, мошинҳо пури маҳсулот аст”.

Тибқи иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ҳамарӯза ба шимоли Тоҷикистон ҳудуди 3000 тонна ғалла ворид карда мешавад. Ҳамзамон талаботи сокинони вилоят дар як шабонарӯз ба орд ва дигар маҳсулоте, ки аз ғалла омода мешавад, 1092 тоннаро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи масъулин, агар ин ҳаҷми ғалла дар корхонаҳо коркард шавад, барои тамоми ҷумҳурӣ кофӣ хоҳад буд.
1/6

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.