Бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус, дар тамоми маҳбасҳои Тоҷикистон вохӯриҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат бо маҳбусон манъ шудааст. Ҳамзамон қабули дастовезу хӯрокворие, ки наздикону хешовандони маҳбусон барои онҳо меоранд, иҷозат аст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Мансурҷон Умаров хабар дод.

“Дар Тоҷикистон, тавре шумо медонед, бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аммо бо мақсади пешгирӣ, дар асоси дастурҳои президент, дар Вазорати адлия нақша ва чорабиниҳои махсус таҳия карда шуданд, ки онҳо аз 31-уми март дар маҳбасҳо татбиқ карда мешаванд”, - гуфт Мансурҷон Умаров.

Вай афзуд, ки дар баробари чораҳои санитарӣ, дар байни маҳбусон корҳои фаҳмондадиҳӣ низ гузаронида мешаванд.

“Мо ниқобҳои махсуси тиббиро дар байни маҳбусон, сардорони штабҳо ва бригадаҳо омода ва тақсим кардем. Ҳар касе, ки ба муассисаҳои ислоҳӣ медарояд, дастони худро бо маҳлулҳои махсус коркард мекунад. Мо инчунин ба ҳама муассисаҳои ислоҳӣ асбобҳои ҳароратсанҷ (термометр) харида, тақсим кардем”, - гуфт Умаров.

Ба қавли ӯ, дар ҳар як боздоштгоҳи тафтишотӣ утоқҳои махсуси карантин ташкил шудааст, ки дастгиршудагон дар он ҷо 14 рӯз ба карантин фаро гирифта мешаванд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, то 30-юми марти соли равон дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.