Дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор боқӣ мемонад. Шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои кӯҳистон ва доманакӯҳи Тоҷикистон, ба истиснои ВМКБ, хатари фаромадани сел дар назар буда, сатҳи оби дарёҳо баланд мешавад.

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, имрӯзу пагоҳ дар кишвар обуҳаво ноустувор боқӣ мемонад.

“Рӯзҳои 1-2 апрел низ ҳаво ноустувор боқӣ монда, борон меборад (дар баландии беш аз 2500 метр барф). Дар баъзе минтақаҳо боришоти башиддат ва фаромадани сел дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои ҷудогонаи тобеъи марказ рӯзи 2-юми апрел ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола пешбинӣ мешавад”, - таъкид кардаанд обуҳавошиносон.

Дар хадамоти матбуоти филиали ширкати IRS ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки сарфи назар аз боридани барф, шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд барои ҳаракати нақлиёт боз аст.

“Субҳи имрӯз, 1-уми апрел дар километри аз 57 то 84-уми роҳи Душанбе-Чаноқ баландии сатҳи барф 15 сантиметрро ташкил медод, лекин ҳаракати нақлиёт баста нашудааст”, - гуфтанд дар ширкат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.