То 1-уми апрел шумори сироятёфтагони коронавирус дар саросари дунё ба 858,6 ҳазор нафар расид.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад, ки 42,1 ҳазор кас бар асари ин беморӣ фавтида, 178 ҳазор нафар муолиҷа ва шифо ёфтанд.

Шумори сироятёфтагон дар ИМА 188,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар дигар кишварҳо ин нишондиҳанда тариқи зайл аст:

- Италия — 105,7 ҳазор

- Испания — 95,9 ҳазор

- Чин — 81,5 ҳазор

- Олмон — 71,8 ҳазор

- Фаронса — 52,1 ҳазор

Дар Русия 2337 нафар (Маскав – 1613 ҳолат), аз ҷумла, сардухтури бемористони Коммунарка Денис Протсенко, ки ҳафтаи гузашта Владимир Путин бо ӯ вохӯрда буд, сироят ёфтаанд.

Дар ҳамсоякишвари Ӯзбекистон шумори сироятёфтагони коронавирус ба 172 нафар расид.

Дар Тоҷикистон то 30-юми март сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.