Аввалин варақаи иттилоотию таҳлилии “Азия-Плюс” рӯзи сешанбе, 2-юми апрели соли 1996 нашр гардид, ҳарчанд он ду-се рӯз пеш омода шуда буд. Аммо 31-уми март рӯзи истироҳат ва рӯзи душанбе 1-уми апрел буд. Мо аз нашри варақа дар рӯзи душанбе худдорӣ кардем, чун нахостем, ки онро ҳамчун шӯхии 1-уми апрелӣ пиндоранд.

Агар ҷиддан гӯем, аввалин варақаи иттилоотии мо пурмуҳтаво, рӯзмарра ва бо даъвои нашрияи соҳибнуфуз шудан чоп гардид.

“Ҳокимият”, “Сармоягузорӣ”, “Мудофиа ва амният”, “Хусусигардонӣ”, “Телекоммуникатсия”, “Кӣ дар Тоҷикистон кист” бахшҳои аввалини варақаи иттилоотии мо буданд.

Варақаи иттилоотӣ ба забони англисӣ нашр шуд. Чаро? Зеро мо дар ҷустуҷӯйи обуначиҳо ба бонкҳои маҳаллӣ, ширкатҳои хусусӣ, рӯзномаҳои тоҷикӣ, ҳатто ба ҳукумати кишвар муроҷиат кардем, аммо дар ҳама ҷо посух як буд: “Маблағ нест, дар кишвар ҷанг аст, вале шумо бо кадом як варақаи иттилоотӣ омадед”.

Он замон хулосаи мо чунин шуд: агар ҳамватанони маблағ надошта бошанд, то беҳ шудани вазъият ба хориҷиёне, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, таваҷҷуҳ мекунем. Хусусан, дар ҳоле ки ягон нашрия ба забони англисӣ дар бозор нест.

Дар сарсухани аввалин варақаи иттилоотӣ мо навиштем:

“...То барқарор шудани субот дар кишвари мо вақти зиёд аст. Аммо Тоҷикистон – ин танҳо мубориза байни ҳукумат ва мухолифин нест. Дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии кишвар равандҳои душвор ва муқобили ҳам ҷараён доранд, ки таваҷҷуҳи амиқ ва таҳлили коршиносонаро тақозо мекунанд. “Азия-Плюс” ният дорад, ин равандҳоро инъикос намояд. Дар назари мо, ҳоло ин хеле муҳим аст, вақте роҳбарияти Тоҷикистон дар хусуси тезонидани раванди ислоҳоти иқтисодӣ андешаронӣ мекунад. Зеро вуҷуди иттилооти барои ҷомеа дастрас – зарурати аввалин барои муваффақият дар ҳар самти дилхоҳ мебошад. Шиори мо: пешниҳоди иттилооти беғараз ва мустақил аз ҳар гурӯҳи сиёсӣ мебошад”.

Дар бахши “Ҳокимият” мусоҳибаи аввалинро ба “Азия-Плюс” сарвазир Яҳё Азимов дода буд. Ӯ барои хонандагони мо нақл кард, ки соли 1996 ҳукумат нақшаи тезонидани раванди хусусигардонии моликияти давлатиро дошта, мехоҳад онро аз 8 дарсад то ба 50-60 дарсад расонад, инчунин барои ҳавасманд гардонидани маблағгузорони хориҷӣ ва таҳкими пули миллии Тоҷикистон – рубли тоҷикӣ чораҷӯӣ намояд.

Дар зери мусоҳибаи сарвазир хабари боз шудани аввалин биржаи мол дар Душанбе нашр гардид. Иқтисодчии 40-сола, собиқ роҳбари “МеталлКонтрактТорг” Н. Саъдуллоев роҳбари ин ниҳод таъйин шуд.

Нашрияи мо дар бахши “Таъйиноти нав” оид ба фармонҳои раисҷумҳур хабар медод: 28-уми март муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа озод карда шуда, раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид. Ба ҷойи ӯ собиқ раиси шаҳри Душанбе Юрий Поносов таъйин карда шуд.

Дар бахши “Мудофиа ва амният” оид ба фармони президент дар бораи муовини фармондеҳи Гвардияи президентӣ таъйин кардани полковник Маҳмуд Худойбердиев хабар додем. Замона муташанниҷ ва таъйинот иҷборӣ буд. Аз ин сабаб матни фармон чунин навишта шуда буд: “Бо назардошти вазъи ҳарбию сиёсӣ дар ҷумҳурӣ ва бо ҳадафи таъмини субот...”.

Дар шарҳи фармони мазкур навиштем: “Барои бисёре аз шоҳидон таъйиноти мазкур ғайриинтизор буд, бо далели он ки полковник Маҳмуд Худойбердиев яке аз иштирокчиёни фаъоли шӯриши мусаллаҳона дар моҳҳои январ-феврали соли 1996 ба ҳисоб мерафт”. Дастаи махсуси ӯ дар Қӯрғонтеппа хокимиятро тасарруф карда, истеъфои чанде аз чеҳраҳои калидии ҳукумати ҷумҳуриро талаб карда буд.

Ҳукумат он замон қисме аз талаботи ӯро қонеъ карда, сарвазир Ҷамшед Каримов, муовини аввали ӯ Маҳмадсаид Убайдуллоев, роҳбари Дастгоҳи президент Иззатулло Ҳаёевро ба истеъфо фиристод.

Ҳамчунин мо навиштем, ки “президент қатъияти сиёсӣ ва воқеӣ” нишон дода, тавонист вазъиятро зери назорат нигоҳ дорад. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Наврӯз ба Қӯрғонтеппа сафар карда, тавонист ҷонибҳои даргирро сари дастурхон нишонад ва низоъро хомӯш созад.

Қаҳрамони аввалини рубрикаи “Кӣ дар Тоҷикистон кист” дар варақаи иттилоотии мо котиби матбуотии тозатаъйини раисҷумҳур Зафар Саидов буд. “Азия-Плюс” ин иқдомро чун “яке аз таъйиноти кадрии муваффақи президент” баҳо дод.

“Котиби матбуотии 34-солаи президент аз нафарони дигари атрофи роҳбари давлат бо нерӯ, ҳирфаият ва тавони ба зимма гирифтани масъулият фарқ мекард. Ин хислатҳо дар муҳлати кӯтоҳ ӯро ба яке аз чеҳраҳои намоёни фазои сиёсии Тоҷикистон табдил дод”, - навишта будем мо.

Зафар Саидов дар мусоҳибаи худ ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки дар ҳаёт барои ӯ модаркалонаш, ки ӯро бузург кардааст, намуна аст. Ӯ ҳамчунин эътироф карда буд, ки шайдои зебоии занон аст, аз нӯшокиҳои спиртӣ “Русская Столичная”-ро меписандад, албатта, бо меъёри муайян. Баъдтар Зафар Саидов бо табассум ба мо нақл карда буд, ки варақаи иттилоотии “Азия-Плюс”-ро ҳамаи обуначиҳо бодиққат мехонанд – баъд аз он мусоҳиба дар ҳама қабулҳои дипломатӣ ӯро напурсида, барояш финҷони “Русская Столичная”-ро пешниҳод мекарданд.

Аввалин варақаи иттилоотии мо – хишти аввал дар пойдевори гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ҳамин гуна буд.

Имрӯз бо мутолаи варақаи иттилоотии 24 сол қабл нашршуда фикр мекунам, ки он ба одамон дар хусуси воқеоти соли 1996 маълумоти беғараз ва ҳаққониро пешниҳод карда буд. Тамоми 24 соли сипаригашта мо кӯшиш кардем, ҳамон тавр беғаразу воқеънигор бошем. Эътимод дорем, ки хонандаи мо инро қадр мекунад. Ташаккур, ки бо мо ҳастед!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.