Тоҷикистон яке аз 13 кишварест, ки дар онҳо то имрӯз сирояти коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Шодихон Ҷамшед имрӯз, 1-уми апрел зимни суҳбати “мизи гирд” дар Душанбе изҳор дошт.

“Имрӯз коронавирус зиёда аз 200 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳидро фаро гирифтааст. Паҳншавии он новобаста ба сатҳи иқтисодиву молиявии мамлакатҳо баръало нишон дод, ки чӣ қадар пайомадҳои бузурги иқтисодӣ, маънавӣ ва тандурустиро дар кишварҳои пешрафтаи дунё, аз ҷумла, Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ба вуҷуд овардааст. Дар ин замина мо бояд ҷиҳати ворид нашудани коронавирус ба мамлакат чораҳои пешгирикунандаро боз ҳам пурзӯр намоем”, - гуфт Шодихон Ҷамшед.

Муовини вазир ёдовар шуд, ки ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуд ва ситоди дохилиидоравӣ таҳти роҳбарии вазир Насим Олимзода фаъол аст.

“Мақсади мо аз он иборат аст, ки тарзи дурусти вокуниши воситаҳои ахбори оммаро дар масъалаи возеҳ ва равшан ба аҳолӣ расонидани иттилооти дарпешистода таъмин намоем”, - афзуд ӯ.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, аз 1-уми феврал то 31-уми марти соли равон 6222 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид шуданд, ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора то санаи мазкур 2145 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 4077 кас дар беморхонаҳои сироятии мамлакат дар карантин қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.