Имрӯз 32 нафар фарзандони хизматчиёни давлатӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои муссалаҳи Тоҷикистон шомил шуданд.

Бино ба иттилои МИМҲД-и ВМКБ, дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ба хотири гусели даъватшудагон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ мардуми зиёд гирд омада буд.

То имрӯз, 2-юми апрел нақшаи даъватро дар Бадахшон 8 шаҳру ноҳия пурра иҷро карданд.

Дар ҷамъомад раиси ВМКБ Ёдгор Файзов изҳор дошт, ки солҳои охир Бадахшон дар сатҳи ҷумҳурӣ аз аввалинҳо шуда, ба ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи иҷрои даъвати ҷавонон ба артиши миллӣ ҳисобот медиҳад.
“Имсол низ дар иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ вилоят ба ҷойи якум баромад, ки барои ҳамаи мардуми Бадахшон мояи ифтихору сарфарозист”, - гуфт Ёдгор Файзов.
1/19

Раиси вилоят ба даъватшудагон барои иқдоми ватандӯстона арзи ташаккур ва дар адои хизмат ба онҳо саломатию комгорӣ таманно кард.

Дар ин ҳамоиш падару модарон, аскарон ва навдаъватшудагон низ суханронӣ карда, хизмат ба Модар-Ватанро  мояи шараф донистанд ва барои наваскарон роҳи сафед хостанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.