Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ бо ҳадафи пешгирии паҳншавии коронавирус, аз волидон хоҳиш мекунад, ки сафарҳои худро бо кӯдакон ба қаҳвахонаҳо, марказҳои дилхушӣ, муассисаҳои савдо, осорхонаҳо ва дигар ҷойҳои фароғатӣ маҳдуд кунанд. Ба ҷойҳои истифодаи умум инчунин майдончаҳои бозии кӯдакон, ки дар саҳни биноҳои истиқоматӣ ё боғҳо воқеанд, дохил мешаванд.
Ҳамзамон КҲФ тавсия медиҳад, ки ҳамроҳи кӯдакон дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва майдончаҳои шахсӣ, ки мавриди истифодаи инфиродӣ қарор доранд, сайругашт кардан мумкин аст. Боздид аз боғҳо танҳо дар сурати истисно кардани муошират бо калонсолону кӯдакони дигар имкон дорад.
КҲФ ба волидон хотиррасон мекунад, ки дарҳол пас аз бозгашт ба хона дастон ва дигар қитъаҳои кушодаи баданро бо собун шустан, обгардон кардани даҳон ва шустани бинӣ зарур аст.
Ҳамчунин тавсия шудааст, ки ҳавои утоқҳо мунтазам тоза карда шавад ва на кам аз 1 бор дар як рӯз бо истифода аз воситаҳои безараргардонанда рӯбучини хона сурат пазирад. Дезинфексия кардани утоқҳо, ашё, бастаҳои маҳсулот баъд аз ба хона овардани онҳо муҳим мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста