Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” миқдори хизматрасониҳои инноватсионии рақамии барои муошират, кору фаъолият ва дилхушии муштариён нигаронидашударо пайваста зиёд менамояд.

Яке аз чунин хизматрасониҳои нави ҷолиби оператор портали “Mega Games” ба шумор меравад, он ба муштариён имкон медиҳад, ки ба тариқи онлайн дар дастгоҳҳои рӯимизии худ машғули бозиҳои маъруф шаванд. Арзиши обуна – 1,20 сомонӣ дар як шабонарӯз. 

“Барои муштарии муосири рақамӣ смартфон бо дастрасӣ ба интернет – дастгоҳи нимфунксионалиест, ки барои дастраскунии маълумот, идоракунии молия, ҳалли масъалаҳои корӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Ҳарчи бештар сокинони Тоҷикистон смартфонҳоро бо мақсадҳои дилхушии худ истфода менамоянд. Барои ҳамин мо қарор кардем бозиҳои нисбатан маъруфро баҳри осон намудани ҷустуҷӯи онҳо дар як портал муттаҳид карда, дар баробари ин – имконияти боргирии бозиҳоро аз манбаи ҳифзшуда таъмин намоем. Бехатарии истифодабарандагони интернет – ба монанди эътимоднокии хизматрасониҳои алоқа самти афзалиятноки ширкати мо маҳсуб меёбад, – мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед Бобоалиев.

Портал ба муштариён бо суроғаи megagames.tj дастрас аст. Барои истифода аз портал  фаъолкунии обуна бо ирсоли дилхоҳ калима бо SMS-паёмак ба рақами 1141 ё рақамчинии USSD-дархости *1141# зарур меояд. Дар ҷавоб муштарӣ паролро аз рақами кӯтоҳи 1141 ба даст меорад. Ба сифати логин барои дастрасӣ рақами муштарӣ, ки тавассути он обуна фаъол карда шуд, истифода мегардад. Барои қатънамоии он бояд USSD-дархости *1141*0# рақамчинӣ карда шавад.

Ҳангоми истифодаи портал трафик аз ҳисоби бастаи умумии интернети муштарӣ сарф мешавад. “Mega Games” инчунин барои тамошои контент дар дастгоҳҳои рӯимизӣ мутобиқ карда шудааст. Соҳибони гаҷетҳои мобилӣ метавонанд бозиҳоро бевосита дар онҳо боргирӣ кунанд (на зиёда аз 3 бозӣ дар як шабонарӯз). 

Арзиши обуна ба портали “Mega Games” 1,20 сомониро дар як шабонарӯз бо назардошти ААИ ва андози аксизӣ ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.