Дар вилояти Суғд бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) иқдоми “Эҳтиёт барои ҳайёт” гузаронида шуд.

Он бо мақсади иттилоотонии саривақтии аҳолӣ, роҳандозии корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдошт, истифодаи ниқобҳои муҳофизатии роҳи нафас, кам кардани гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳифзи саломатии худ ва наздикону пайвандон баргузор гардид.

Тибқи иттилои КҲФ, ин иқдом аз ҷониби афсарони шуъба ва бахшҳои Раёсат ташкил ва гузаронида шуда, дар рафти он варақаҳои иттилоотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, ки дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ омода шудааст, дар даромадгоҳҳои мағозаҳо, дорухонаву ошхонаҳо, хонаҳои баландошёна, истгоҳҳои хиёбони Рифъат Хоҷиев ва маҳаллаи 32 насб карда шуданд. Инчунин китобчаҳои иттилоотиву буклетҳое, ки аз ҷониби маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Раёсат таҳия гардидаанд, дар байни аҳолӣ тақсим карда шуд.

Ҳамзамон созмондиҳандагони иқдом аз шахсони масъули ин мавзеъҳо даъват ба амал оварданд, ки ҳамарӯза дар байни мардум корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ гузаронида, маърифатнокии аҳолиро ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус баланд бардоранд.

Акс аз торнамои khf.tj

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.