Озмуни вилоятии “Кадбонуи беҳтарин” рӯзи 8-уми апрел дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Дар он бонувони ҳунарманд аз 18 шаҳру ноҳия ширкат варзиданд.

Иштирокчиёни озмуни маҳорати худро аз рӯйи шартҳои ороиши дастурхон, таҳия ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чошт ва шом, ғизонокию фоидабахшии таркиби таом, пухтани хӯрокҳои миллии қадима ва муосир, омодасозии хӯришҳо, сарфаю сариштакорӣ, хамиркунӣ барои нон ва дигар маҳсулоти ордӣ нишон доданд.

Як фаъолзани шаҳри Хуҷанд Хайриниссо Темирова гуфт: “Баргузории озмуни “Кадбонуи беҳтарин” барои эҳёи таомҳои миллии қадима, бо истифода аз гиёҳҳои шифобахш зебову серғизо таҳия кардани таому хӯришҳо ва омодасозии духтарону бонувон ба ҳаёти оиладорӣ муҳим аст”.
1/25

Кадбонуҳои вилоят дар рӯйи 18 миз беш аз 300 намуд хӯрокҳои милливу муосир аз орду гиёҳҳои шифобахш ва дигар маҳсулот, мантуву тушбера, самбӯсаҳои алафию гӯштӣ, оши туппаву бурида, оши палав, оши умоч, ширбиринҷ, кичирӣ, тунукчашӯрбо, шакаробу қурутоб ва монанди инҳоро омодаю пешниҳод карданд.

“Таому хӯриш ва шириниҳои омодакардаи кадбонуҳо пас аз анҷоми чорабинӣ ба Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд барои наваскарон фиристода шуданд”, - иттилоъ дод сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилотяи Суғд Хуршеда Хоҷаева.

Аъзои ҳакамон бо роҳбарии муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ ғолибонро муайян карда, ба 21 нафар сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

Озмуни “Кадбонуи беҳтарин” дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шуда, мақсад аз он эҳёи таомҳои миллӣ, баланд бардоштани маданияти оиладорӣ, сариштакорӣ ва омода кардани духтарон ба ҳаёти мустақилона арзёбӣ мешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.