Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав дар заминаи як синфхонаи дӯзандагӣ ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ оғоз кардааст.

Декани факултаи технологияи ин донишгоҳ Файзиддин Муродов гуфт, ки бо назардошти вазъи баамаломада тасмим гирифтем, бо истифода аз синфхонаи дӯзандагии факулта барои донишҷӯён ва омӯзгорону кормандони техникии донишгоҳ истеҳсоли ниқоби тиббиро ба роҳ монем.

“Дар ин синфхона ё коргоҳи дӯзандагии мо донишҷӯёне, ки дар хобгоҳи донишгоҳ зиндагӣ мекунанд, баъд аз дарс кор мекунанд. Дар як рӯз то 500 ниқоб истеҳсол мешавад. Намунаи ниқоби тиббиро бо сарраёсатӣ Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон мувофиқа кардем. Дар ин сех 15 нафар донишҷӯдухтарон кор мекунанд. То имрӯз мо тавонистем 3 факултаро бо ниқобҳои истеҳсоли худӣ таъмин кунем ва ба навбат дигар факултаҳоро низ таъмин хоҳем кард”, - иброз дошт Муродов. 

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи маҳсулот барои омода кардани ниқоб аз тарафи донишгоҳ таъмин карда мешавад.

“Бо ташкили ин коргоҳ донишҷӯдухтарон ҳам касби дӯзандагиро аз худ мекунанд ва ҳам донишгоҳро бо ниқобҳои тиббӣ таъмин месозанд”, - афзуд декани факулта.

Қобили зикр аст, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 9 ҳазору 762 нафар донишҷӯёни бахши рӯзона таҳсил ва 941 нафар устодону кормандони техникӣ фаъолият мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.