Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар доираи барномаи «Озуқаворӣ ба хотири сулҳ» ва дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Авасто” ва созмони амрикоии Resource and Policy Exchange, Inc.  (RPX)  56 280 кг кумаки озуқаворӣ, ки зиёда аз 171 000 доллари ИМА арзиш дорад, ба Тоҷикистон дастрас  карданд. 

Тавре дар сомонаи расмии сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар дода мешавад, ин кумак ба зиёда аз 100 муассисаи тиббӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла ба беморхонаҳое, ки бо мақсади карантини вобаста ба касалии COVID-19 истифода шуда истодаанд, беморони дар табобати амбулатории сили ба дору устувор гузаронида шудаанд,  беморҳонаҳои сил, саратон, касалиҳои руҳӣ, Ҷамъияти Миллии Ҳилоли Аҳмар, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ ва Хадамоти Агентии захираҳои моддии ҶТ тақсим карда мешавад.  Зиёда аз 33000 шаҳрванди Тоҷикистон аз ин кумак баҳра хоҳанд бурд.

Гуфта мешавад, маводи ғизоии мазкур аз сабзавот ва лӯбиёгиҳои хушккардашуда, ки бо витаминҳо ва минералҳо ғанӣ гардонида шудаанд,  иборат буда, дар муассисаҳои тандурустӣ ва иҷтимоӣ ва хонаводаҳои осебпазир барои тайёр кардани хӯроки гарм истифода мешавад.  Дастрас кардану тақсимоти ин маводи ғизоӣ ва назорати истифодаи самараноки он ба зиммаи ташкилоти ҷамъиятии “Авасто”​​​​​​​ вогузор шудааст.|

Ин лоиҳа аз соли 2007 инҷониб ба Тоҷикистон қариб 700 тонна кумаки озуқаворӣ ба маблағи беш аз 1,3 миллион доллари ИМА дастрас кардааст.  Илова бар ин кумаки фаврӣ, ИМА бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини аҳолӣ бо хизматҳои тиббии босифат, ки дар асоси далелҳо таъсис ёфтаанд ва бо арзиши самаранок расонида мешаванду нишондиҳандаҳои саломатии кишварро беҳтар хоҳад кард, ҳамкорӣ мекунад. Ба ин ҳамкорӣ талошҳои дарозмуддат оид ба мубориза бо паҳншавии бемории сили ба дору устувор, кам кардани паҳншавии ВНМО/БПНМ, беҳтар намудани саломатии занон ва кӯдакон тавассути пешниҳоди хизматрасонии тибби ва ғизои беҳтар дохил мешаванд.

Ташкилоти ҷамъиятии “Авасто”​​​​​​​, ки онро зан роҳбарӣ мекунад, барои беҳтар кардани вазъи саломатии занон ва насли ҷавон, инчунин дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Мақсаду мароми асосии ташкилоти RPX беҳтар кардани меъёрҳо дар соҳаи тандурустӣ ва дастрасии иттилоот бо роҳи дастгирии техникӣ ва кумак бо озуқаворӣ ва маводи доруворӣ мебошад.

USAID – як созмони пешбари рушди байнулмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Фаъолияти USAID ба пешбурди амнияти миллии ИМА ва шукуфоии иқтисодии он равона шудааст, либерализатсияи Амрикоро нишон медиҳад ва ба рушди кишварҳои манфиатбар саҳм мегузорад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.