Барои тадбирҳои пешгирӣ аз короновирус дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ ҷаласаи гурӯҳи корӣ бо иштироки намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, корҳои дохилӣ, ҳамчунин Муассисаи давлатии манзиливу комуналӣ баргузор гардид.

Тибқи итттилои КҲФ, дар ҷаласа дар бораи чораҳои коҳиши хатари густариши коронавирус ва теъдоди шахсоне, ки дар карантин қарор доранд, маълумот дода шуд. Зикр гардид, ки Кумита якҷо бо Вазорати тандурустӣ аз тариқи воситаҳои ахбор корҳои иттилоотӣ ва паёмрасониро роҳандозӣ кардаанд. Ҳамчунин барои пурсишҳои саривақтии аҳолӣ рақами кӯтоҳи телефонии 511 фаъол шудааст.

Дар ин ҷаласа намояндаи Муассисаи давлатии манзилию комуналӣ маълумот додааст, ки ҳар рӯз дар нақлиёти шаҳрӣ қабл аз оғози фаъолияташон корҳои беҳдоштӣ гузаронида шуда, дар ҷойҳое, ки маъмулан одамон зиёд равуо мекунанд, аз ҷумла, дар бозорҳо, марказҳои савдо, майдончаҳои бозии кӯдакон низ корҳои дезинфексионӣ роҳандозӣ мешаванд.

Ҳамчунин масъалаҳои марбут ба мутобиқ гардонидани катҳои беморӣ дар муассисаҳои тиббӣ барои муолиҷаи беморони эҳтимолии короновирус, рафти харидории таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва доруворию воситаҳои кимиёвӣ баррасӣ шуданд.

Зикр гардид, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва маркази вилоёт ситодҳо фаъолият дошта, нуқтаҳои карантинӣ ва озмоишгоҳҳо мавҷуданд, ки барои гузаронидани ташхиси коронавирус омодаанд. Ҳамчунин навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шудааст.

Дар поёни ҷаласа қарор қабул шуд, ки ҳамоҳангсозии амалҳо дар доираи Системаи ягонаи пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода идома хоҳад ёфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.