Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) бо ҳадафи ироаи кумак ба хонаводаҳое, ки аз пайомадҳои башарӣ ва иқтисодии COVID-19 ранҷ мебаранд, бунёд таъсис додааст.

Кормандони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ маоши якрӯзаи худро ба таври ихтиёрӣ ба ин бунёд эҳдо мекунанд, ки ба хонаводаҳои ниёзманд тавзеъ мешавад.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар доираи иқдоми пешгирии COVID-19 дар шаҳрҳои Хоруғ (Тоҷикистон) ва Норин (Қирғизистон) варақаҳои иттилоотӣ тавзеъ дод.


Донишгоҳи Осиёи Марказӣ инчунин барои 500 хонаводае, ки аз ҷониби дафтари шаҳрдории Норин ҳамчун оилаҳои осебпазир шинохта шудаанд, маводи ғизоӣ ва тиббӣ кумак кард.

Илова бар ин, дар доираи раванди коҳиш додани COVID-19 ва таъсиси минтақаи муоина дар кампуси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норин 90 кат омода шудаанд. Ба хотири тақвияти иқтисоди маҳаллӣ Донишгоҳи Осиёи Марказӣ лавозими бистари хоб, ки занони рустонишини Норин дӯхтаанд, харидорӣ кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.