Давоми чанд шабонарӯзи охир сокинони як қатор шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғду Хатлон ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон аз маҳдуд шудани таъмини қувваи барқ хабар медиҳанд. Вале масъулин мегӯянд, ки “лимити барқ ҷорӣ нашудааст, аммо корҳои таъмирӣ ҷараён доранд”. Ҳамзамон “кам шудани сатҳи об дар обанбори Норак ва зарурати сарфаи он” ҳамчун сабаби аслии маҳдудшавии интиқоли барқ зикр гардид.

Мардум: “Дар шаҳру ноҳияҳо барқ нест”

Аз маълумоти сокинони Суғд бармеояд, ки ба ғайр аз шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон ва Бӯстон, дар аксари шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят хомӯшкунии барқ гоҳ шабона ва гоҳ рӯзона ба назар мерасад.

Истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан Неъматулло ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт: “Ду рӯзи охир барқро аз соатҳои 23-и шаб то 4-5-и субҳ хомӯш мекунанд. Рӯзи гузашта баъд аз нисфирӯзӣ ҳам барқро то бегоҳӣ хомӯш карданд”.
Сокинони ҷамоатҳои деҳоти Рӯдакӣ, Сӯҷина, Хурмӣ, Моғиён ва беш аз 15 деҳаи дигари Панҷакент мегӯянд, барқхомӯшкунӣ пеш аз барфбории 8-уми апрел оғоз шуда буд.

Некрӯз Ҳайдаров аз деҳаи Артуч гуфт: “Рӯзона тақрибан барқ надорем. Аз соати 8 ё 9-и саҳар барқро то бегоҳ хомӯш мекунанд. Ҳайронем, дар ин даврае, ки серобӣ асту лимит аз байн бардошта шудааст, хомӯш кардани барқ чӣ сабаб дошта бошад?”

Дилафрӯз Алиқулова аз деҳаи Ваҳдат мегӯяд: “Як ҳафта инҷониб реҷаи нави барқдиҳӣ дар мо ҷорӣ аст. Бе ягон огоҳиву эълони пешакӣ. Вақте ба Шабакаҳои барқи Панҷакент занг задам, гуфтанд: “Айни ҳол таъмир ҷараён дорад”. Наход таъмирашон як ҳафта бошад?”

Қобили зикр аст, ки на танҳо мардуми Суғд, балки сокинони вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳам дар Facebook аз қатъ шудани таъмини қувваи барқ дар шабонарӯзҳои охир хабар додаанд. Бино ба иттилои корбарони ин шабакаи иҷтимоӣ, маҳдудиятҳо дар Турсунзода, Шаҳринав, Файзобод, Ваҳдат, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён ва шаҳру навоҳии дигар мушоҳида шудааст.

Мақомот: “Лимит ҷорӣ нашудааст”

Дар шарҳи ин масъала Тӯра Атамов, сардори Шабакаҳои барқии вилояти Суғд чунин гуфт: “Дар ягон шаҳру ноҳияҳои вилоят “лимити барқ” ҷорӣ нашудааст, аммо корҳои таъмирӣ дар хатҳои баландшиддат, зеристгоҳҳои барқӣ, хатҳои магистралии 220/110/35 кВ ва хатҳои барқии 10/16 кВ ҷараён доранд. Шояд ин ҳолат то охири ҳафтаи равон идома кунад, чунки кори мо ба обу ҳаво ҳам вобаста аст. Мо ҳаракат дорем, ки онро зудтар ба анҷом расонем. Ин корҳои таъмирӣ бо мақсади саривақт омода кардани пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими киштукор гузаронида мешаванд”.

Вай афзуд, ки гурӯҳҳои корӣ шабона дар НБО Қайроққум ва хати баландшиддати 500/кВ Ҷануб-Шимол кор карда истодаанд.

“Дар масъалаи таъминоти барқ дар вилоят ягон маҳдудият пешбинӣ нашудааст. Масалан, вобаста ба талабот шабонарӯзи гузашта дар вилоят 11 миллиону 607 кВт/с нерӯи барқ интиқол дода шудааст. Талаботи аҳолӣ вобаста ба обу ҳаво аст. Соли гузашта дар ҳамин шабонарӯз ҳарорати ҳаво 20-25 дараҷа гарм буд ва талабот ба барқ наздики 10 миллиону кВт/с-ро ташкил медод”, - изҳор дошт сардори шабакаҳои барқии Суғд. 
Дар шарҳи чунин вазъият Раҷабалӣ Бояков, сармуҳандиси Шабакаҳои барқи ҷануб, ки ба 12 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон хизмат мерасонад, гуфт: “Ягон мушкиле нест ва лимит ҳам ҷорӣ нашудааст. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳо қисман интиқоли барқ қатъ карда мешавад, вале ин танҳо ба хотири бурдани корҳои профилактикӣ аст, на чизи дигар”.

Ин дар ҳолест, ки як манбаъи огаҳ аз кори “Барқи тоҷик” бидуни зикри номаш сабаби маҳдудшавии интиқоли нерӯи барқро дар минтақаҳои кишвар “кам шудани сатҳи об дар обанбори Норак” арзёбӣ кард.

“Имсол барои таъмини соҳаи кишоварзӣ бо оби полезӣ то андозае аз захираи оби Норак истифода карда шуд. Ҳоло сатҳи об дар обанбор кам шудааст. Аз ин хотир, супориш шудааст, ки барои сарфа кардани захираи об интиқоли барқро дар соатҳои муайян дар маҳалҳо қатъ кунанд”, - изҳор дошт манбаъ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.