Дар Тоҷикистон мавсими мотосиклронӣ-2020 оғоз шуд. Ба мавсими нав бори нахуст дар шаҳри Хуҷанд ҳусни оғоз бахшиданд.

Ба ин чорабинӣ беш аз 50 мотосиклрон (байкер) аз саросари кишвар ҷамъ омада, пайиҳам аз шаҳр гузаштанд. Мотосиклҳои бо парчами миллӣ ороёфтаи онҳоро мошинҳои нозирони ҳаракат дар роҳ ҳамроҳӣ карданд.

Тибқи анъанаи маъмулӣ, онҳо аввал ба назди лавҳаи ёдгории ҳалокшудагон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта, гулчанбар гузоштанд.

Чорабинии мазкур аз ҷониби шуъбаи бошгоҳи мотосиклронии “Ирбис” дар вилояти Суғд бо дастгирии ҳукумати шаҳрҳои Хуҷанд ва Бӯстон ташкил карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.