Бо мақсади пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии коронавирус, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, биснес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) воқеъ дар шаҳри Хуҷанд истеҳсоли ниқоби тиббӣ ва тақсими ройгони он ба роҳ монда шудааст.

Ниқобҳои тиббиро духтароне, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд, дар вақтҳои фориғ аз таҳсил бо назардошти меъёрҳои зарурӣ таҳти роҳбарии мутахассисон медӯзанд. 

“Дар донишгоҳ маҳфили “Ганҷи ҳунар” амал мекунад, ки дар он ба донишҷӯён ҳар гуна касбҳо, аз ҷумла, дӯзандагӣ омӯзонида мешавад. Аксари духтарон аъзои ин маҳфил буда, ҳамарӯза 10-15 нафар ба дӯхтани ниқобҳои тиббӣ машғуланд. Роҳбарияти донишгоҳ онҳоро бо маҳсулоти зарурӣ таъмин кардааст”, - гуфт Сино Ғафурӣ, мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ.

1/6

Ин ниқобҳо бисёркарата буда, барои дӯхтани он маҳсулоти ватанӣ истифода мешавад. Давоми 3-4 рӯз беш аз 1000 ниқоб дӯхта шудааст.

Масъулин ният доранд, ки ҳаҷми истеҳсолро афзуда, ба дигар муассисаҳо низ чунин ниқобҳоро пешниҳод кунанд.

“Ҳоло дар донишгоҳ барои пешгирӣ аз COVID-19 чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Дар анбори он антисептик захира гардид. Ҳамзамон дар соатҳои муайян долону толор ва дарсхонаҳои донишгоҳ бо маҳлули махсус безарар карда мешаванд”, - иброз дошт Сино Ғафурӣ

Қобили зикр аст, ки дар ДДҲБСТ беш аз 7 ҳазор донишҷӯ аз рӯйи 39 ихтисос таҳсил доранд. Аз ин шумора 4 ҳазор нафар дар шуъбаи рӯзона таҳсил мекунанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.