Сокинони манотиқи деҳоти Тоҷикистон чанд рӯз инҷониб аз мунтазам қатъ шудани интиқоли барқ шикоят мекунанд. Чанде муддат давом ёфтани “лимит”-и ғайрирасмиро алҳол касе намедонад.

Аҳолии як қатор ноҳияҳо мегӯянд, қатъи интиқоли барқ давоми рӯз аз соати 8 то 17 ва аз нимаи шаб то субҳ сурат мегирад.

Дар шабакаҳои барқи маҳаллӣ инро ба баргузории корҳои таъмир дар хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо пас аз сарбории иншооти зерсохтор дар мавсими зимистон ва камбуди об дар обанборҳои нерӯгоҳҳои барқи обии амалкунанда нисбат медиҳанд.

Ғайр аз ин, барфи рӯзи 9 апрел низ ба хатҳои интиқоли барқ ва трансформаторҳо дар чанде аз минтақаҳо осеб расонида, ташвиши барқчиёнро зиёд кард. Сокинони баъзе деҳоти дурдасти кӯҳистон пас аз 9 апрел пурра аз гирифтани барқ маҳрум шуданд.

Вазъ дар минтақаҳо

Истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан Неъматулло ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт: “Ду рӯзи охир барқро аз соатҳои 23-и шаб то 4-5-и субҳ хомӯш мекунанд. Рӯзи гузашта баъд аз нисфирӯзӣ ҳам барқро то бегоҳӣ хомӯш карданд”. Сокинони шаҳри Хуҷанд ва Бӯстони вилояти Суғд низ давоми рӯз муддати чаед соат бе барқ мемонанд.

Сокинони ҷамоатҳои деҳоти Рӯдакӣ, Сӯҷина, Хурмӣ, Моғиён ва беш аз 15 деҳаи дигари Панҷакент мегӯянд, барқхомӯшкунӣ пеш аз барфбории 8-уми апрел оғоз шуда буд.

Некрӯз Ҳайдаров аз деҳаи Артуч гуфт: “Рӯзона тақрибан барқ надорем. Аз соати 8 ё 9-и саҳар барқро то бегоҳ хомӯш мекунанд. Ҳайронем, дар ин даврае, ки серобӣ асту лимит аз байн бардошта шудааст, хомӯш кардани барқ чӣ сабаб дошта бошад?”.

Дилафрӯз Алиқулова аз деҳаи Ваҳдат мегӯяд: “Як ҳафта инҷониб реҷаи нави барқдиҳӣ дар мо ҷорӣ аст. Бе ягон огоҳиву эълони пешакӣ. Вақте ба Шабакаҳои барқи Панҷакент занг задам, гуфтанд: “Айни ҳол таъмир ҷараён дорад”. Наход таъмирашон як ҳафта бошад?”.

Дар шаҳри Турсунзода чанд рӯз пеш аз боридани барф лимити эълоннашуда ҷорӣ гардида, сокинони деҳот аллакай 10 рӯз инҷониб рӯзона ва аз нимаи шаб то субҳ бо барқ таъмин нестанд. Дар ҳамин ҳол, реҷаи муайяни интиқоли барқ вуҷуд надорад.

Қобили зикр аст, ки на танҳо мардуми Суғд, балки сокинони вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз қатъ шудани таъмини қувваи барқ дар шабонарӯзҳои охир хабар додаанд.

Лимит ҷорӣ нашудааст

Лекин шахсони масъул қотеъона изҳор мекунанд, ки ягон лимит ҷорӣ нашудааст. Дар шарҳи ин масъала Тӯра Атамов, сардори Шабакаҳои барқии вилояти Суғд чунин гуфт:

“Дар ягон шаҳру ноҳияҳои вилоят “лимити барқ” ҷорӣ нашудааст, аммо корҳои таъмирӣ дар хатҳои баландшиддат, зеристгоҳҳои барқӣ, хатҳои магистралии 220/110/35 кВ ва хатҳои барқии 10/16 кВ ҷараён доранд. Кори мо ба обу ҳаво ҳам вобаста аст. Соли гузашта дар ин вақт барои таъмини аҳолӣ бо барқ 10 млн кВт\соат ва имсол аз сабаби ҳарорати паст аллакай 16 млн кВт\соат нерӯи барқ харҷ шуд. Мо ҳаракат дорем, ки корҳоро зудтар ба анҷом расонем. Ин корҳои таъмирӣ бо мақсади саривақт омода кардани пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими киштукор гузаронида мешаванд”.

Дар шарҳи чунин вазъият Раҷабалӣ Бояков, сармуҳандиси Шабакаҳои барқи ҷануб, ки ба 12 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон хизмат мерасонад, гуфт: “Ягон мушкиле нест ва лимит ҳам ҷорӣ нашудааст. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳо қисман интиқоли барқ қатъ карда мешавад, вале ин танҳо ба хотири бурдани корҳои профилактикӣ аст, на чизи дигар”.

Дар ҳамин ҳол, ширкати “Барқи тоҷик” ба ширкатҳои миёнарав (контрагентҳо)-и худ бо дархости огоҳ кардани истеъмолгарон пеш аз қатъи барқ барқия фиристодааст.

Сабаби ирсоли барқия ба ширкатҳои миёнарав дар саросари кишвар арзу шикояти аҳолӣ аз қатъи интиқоли барқ унвон мешавад.

Котиби матбуотии ширкати “Барқи тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ мегӯяд, ширкатҳои миёнарав бояд ба аҳолӣ фаҳмонанд, ки дар кишвар лимит ё камбуди барқ вуҷуд надошта, қатъи интиқоли он мувофиқи нақша ва бо зарурат сурат мегирад.

Ба гуфтаи ӯ, низоми энергетикӣ давоми мавсим, масалан гузариш аз зимистон ба баҳор таъмирро талаб мекунад.

“Бо ин сабаб барои таъмири таҷҳизоти асосӣ ба мисли хатҳои баландшиддати Суғд-500, Душанбе-500 ва дигар чунин хатҳо чанд рӯз вақт лозим аст. Табиист, ки агар интиқоли барқ қатъ нашавад, таъмири онҳо ғайриимкон аст”, - шарҳ дод Нозирҷон Ёдгорӣ.

Қобили зикр аст, ки муддати беш аз 20 сол аз моҳи октябр то нимаи моҳи апрел дар ҷумҳурӣ реҷаи маҳдуди интиқоли барқ (лимит) амал мекард. Он бори нахуст соли 2018 бекор карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.