Ба рақами шабонарӯзӣ фаъоли “511”-и Маркази иттилоотӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо сирояти коронавирус дар як рӯз беш аз 50 нафар шаҳрвандон барои дарёфти маълумоти гуногун занг мезананд.

“Ба мо дар як рӯз зиёда аз 50 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон занг мезананд ва ҳамаи онҳо ба суолҳояшон дар бораи вазъи коронавирус дар кишвар ва ҷаҳон посух мегиранд”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ин Марказ.

Ба иттилои манбаъ, одамон ба масъалаҳои кай ба охир расидани карантин дар дигар кишварҳо ва кай боз шудани парвози ҳавопаймоҳо ба самти Тоҷикистон бештар таваҷҷуҳ доранд.

“Инчунин дар бораи одамоне мепурсанд, ки дар Тоҷикистон ба карантин гирифта шудаанд. Мо дар посух ба ин суолҳо маълумоти расмӣ пешниҳод мекунем. Танзимгарон (диспетчерҳо)-и мо шабонарӯзӣ фаъолият доранд”, - қайд карданд дар марказ.

Ба гуфтаи кормандон, Марказ дар бинои Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Вазорати тандурустӣ ҷойгир аст.

Ёдрас мекунем, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон охири моҳи март хати шабонарӯзӣ фаъоли телефони Маркази иттилоотӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо сирояти коронавирусро боз кард.

Бо чидани рақами 511 шаҳрвандони Тоҷикистон доир ба масъалаҳои марбут ба коронавирус маълумоти зарурӣ дарёфт карда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.