Ба сафорату консулгариҳои Тоҷикистон дар Русия дар як шабонарӯз беш аз 100 нафар муҳоҷирони тоҷик барои кумак муроҷиат мекунанд. Намояндагони сафорат ба муҳоҷирони эҳтиёҷманд кумакҳои худро мерасонанд. Дар ин хусус ба “Азия-Плюс” сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов хабар дод.

“Шаҳрвандони Тоҷикистон мегӯянд, ки бекор мондаанд ва кор меҷӯянд, ё хӯрок ва пул надоранд, ё ин ки ба духтурон муроҷиат карданд, аммо онҳо шояд наомаданд. Ба ҳамаи он нафароне, ки ба мо занг мезананд, аз ҷониби сафорату консулгариҳо маслиҳат медиҳем ва кумак мерасонем”, - изҳор дошт Имомуддин Сатторов.

Сафир дар мавриди шумораи шаҳрвандони сироятёфтаи Тоҷикистон дар Русия гуфт: “Мо дархости расмӣ ба мақомоти Федератсияи Русия кардем, то ин маълумотро дастрас бикунем. Аммо дар вазъияти имрӯза, ки ҳазорҳо нафар шаҳрвандони Русия ва шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишвар гирифтори коронавирус мешаванд, шароити инро ҳисоб кардану ба мо доданро надоранд. Онҳо мегӯянд, ки барои мо фарқ надорад, вай шаҳрванди Тоҷикистон аст, ё Ӯзбекистон аст, ё Русия. Вақте ба табибон муроҷиат мекунанд, онҳо меоянд ва касе вазнин набошад, мегӯянд, ки дар хона бимонад ва дорую тавсия дода, баъдан ӯро таҳти назорат мегиранд, яъне ба тариқи видеоӣ ё телефонӣ суҳбат мекунанд, лекин қайд мекунанд, ки дар фалон ҷо ҳамин бемор ҳаст”.

Ба қавли Имомуддин Сатторов, омори расмии шаҳрвандони сироятёфтаи Тоҷикистон дар Русия вуҷуд надорад. “Мо метавонем, ки ба тариқи овозаҳо маълумот гирем, вале ин бо ягон ҳуҷҷат тасдиқ нашудааст, барои ҳамин рақами дақиқ надорем. Тоҷикон ҳам мисли русҳо ва намояндагони миллатҳои дигар дар Русия инсонанд ва касал мешаванд”, - иброз дошт ӯ.
Сафир ҳамчунин гуфт: “Ба соҳибкорони тоҷик дар Русия муроҷиат кардем, то кумаки худро дареғ надоранд. Ҳар касе аз дасташ чизе меояд, ба мардум кумак карда истодаанд. Бархе ба мо занг зада, мегӯянд, ки ба шахсони эҳтиёҷманд хӯрокворӣ пешниҳод кардан мехоҳанд, аммо аз хона баромадан иҷозат нест. Мо бо мошинҳои сафорат маводи ғизоии онҳоро ба қадри имкон тақсим мекунем. Дар бинои сафорат қариб 2-3 тонна маводи ғизоӣ ҷамъ шудааст, ки ба занону кӯдакон ва одамони бемор мерасонем”.

Вай афзуд: “Ба сафорат соҳибкорон муроҷиат карда, мегӯянд: “Ҷойи кор дорем. Касе хоҳад, омада, кор кунад”. Дӯзандаҳо ё сохтмончиҳо лозиманд ва ё нафароне, ки аз мағозаву дорухона ба мардум хӯрокворӣ ё доруворӣ тақсим мекунанд. Мо мардумро ба ҳамон тараф равон мекунем, ки агар шумо кор хоҳед, дар фалон ҷо ҳаст”.

Инчунин сафорати Тоҷикистон ба ҳукумати Русия муроҷиати расмӣ дар масъалаи озод кардани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз пардохти маблағи патент ирсол кардааст. Имомуддин Сатторов гуфт: “Умед дорем, ки дар рӯзҳои наздик фармони президенти Федератсияи Русия ба имзо мерасад”.

Ёдрас мекунем, сафорати Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони кишвар дархост карда буд, ки дар ҳолатҳои эҳтимоли сирояти коронавируси нав (COVID-19), ба ёрии таъҷилии тиббӣ занг зананд ё ба сафорат муроҷиат кунанд.

“Агар дарди гулӯ ва сулфа, ҳарорати баланд ва нафаскашии душвор пайдо шавад, ба ин рақамҳои ёрии таъҷилӣ: 103 ва 112 фавран ва ҳатмӣ тамос гирифтан зарур аст”, - таъкид карда буд сафорат.

Ҳамчунин бо мақсади мусоидат барои хабар кардани ёрии таъҷилӣ ва ё ба кормандони муассисаҳои тиббӣ фаҳмондани суроға ва дигар мушаххасоти шахсони эҳтимолан сироятшуда, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба рақамҳои телефонҳои шабонарӯзӣ амалкунандаи сафорат тамос гиранд:

+7 (926) 411 09 61

+7 (995) 501 87 33

+7 (985) 740 02 12

+7 (999) 875-37-85

+7 (977) 487 89 64

+7 (910) 443 63 35

Шаҳрвандоне, ки дар дигар минтақаҳои Русия зиндагӣ мекунанд, барои чунин кумак ба консулгариҳои Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа бо рақамҳои зерин муроҷиат карда метавонанд:

ш. Екатеринбург: +7 (343) 370-23-60

ш. Новосибирск: +7 913 487 38 22

ш. Санкт-Петербург: +7 (961) 611 16 17

ш. Уфа: +79272317171, +79279456566.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.