Собиқ раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз 66-солагиашро ҷашн мегирад. Ӯ ду даъват ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон роҳбарӣ дошт.

Шукурҷон Зуҳуров 16 апрели соли 1954 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ Академияи идоракунии Федератсияи Русия  ва Донишгоҳи муҳандисӣ-заминсозии шаҳри Москваро бо ихтисоси муҳандиси заминсоз хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси муҳандиси заминсоз дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон оғоз кард. Ба сифати котиби Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод), раиси Кумитаи давлатии меҳнат ва тайёр кардани кадрҳои коргарии Тоҷикистон, мудири шуъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ, раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ ва вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ифои вазифа кардааст.

Қобили зикр аст, ки аз оғоз то анҷоми гуфтушунидҳо байни тарафҳои мухолиф баҳри расидан ба сулҳу созиш замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар ду марҳидаи аввал (дар Маскаву Теҳрон) Зуҳуров ба ҳайси раиси гурӯҳи ҳукумат ва дар дигар марҳилаҳои гуфтушунид ба сифати муовини роҳбари ин гурӯҳ ширкат варзид.

Аз соли 1997 (то соли 2000-ум) бо фармони президенти ҷумҳурӣ Шукуров фаъолияташро дар вазифаи раиси зеркомиссияи муҳоҷирон дар Комиссияи оштии миллӣ идома дод.

Ҳамзамон аз соли 1998 то соли 2000-ум ӯ вазифаи раиси Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои барқарорсозии баъдиҷангиро иҷро кард.

Вакили Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати якум (солҳои 1995-2000) мебошад.

Фаъолияти меҳнатии Шукурҷон Зуҳуров бо орденҳои “Дӯстӣ”, “Шараф”, медалу ифтихорномаҳои президиуми Шӯрои олии ҶТ, медали ҷашнии “20-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ” қадрдонӣ шудааст.

Соли 2010 Шукурҷон Зуҳуров вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ даъвати чорум интихоб шуда, дар ҷаласаи аввали иҷлосияи якуми палата раиси он интихоб шуд. Ҳамчунин ӯ раиси Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ интихоб шуд.

Соли 2015 бори навбатӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ интихоб шуда, такроран раиси палата интихоб шуд. Он замон Зуҳуров инчунин раиси Шӯрои Маҷлиси намояндагон интихоб шуд.

Шукурҷон Зуҳуров оиладор буда, соҳиби панҷ фарзанд аст.

Рӯзи 17 марти соли равон ҳайати нави палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки 1 март интихоб шуд, ба фаъолият оғоз кард.

Номзадии вакил Маҳмадтоир Зокирзода якдилона ба вазифаи раиси палата пешбарӣ шуда, тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ӯ раиси нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.