Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар мактабҳои миёна ва олии кишвар бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус корҳои таблиғотӣ мегузаронад.

Тибқи иттилои КҲФ, чунин фаъолият дар як қатор мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, ҳамчунин 5 мактаби олии пойтахт роҳандозӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни мулоқот кормандони Кумита бо намоиш додани филмҳои омӯзишиву аниматсионӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ва коҳиш додани эҳтимоли сироят нишон доданд. Дар ин филмҳо ба таври амалӣ қоидаҳои беҳдошти шахсӣ ва зарурати муроҷиати саривақтӣ барои кумакҳои тиббӣ дар сурати ошкор шудани ҳатто яке аз нишонаҳои сирояти короновирус нишон дода шудаанд.

Ғайр аз ин, дар синфхонаҳо кормандони бахши тиббии КҲФ ба хонандагон истифода аз маводи антисептикӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштиро амалан нишон дода, ба иштирокдорон варақаҳо ва китобчаҳои иттилоотӣ тақсим карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.