Давоми моҳҳои январ-марти соли равон 296,1 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 81,3 ҳазор нафар ё худ 37,8% зиёдтар аст.

Тавре Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, мувофиқи методологияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, миёни онҳо 288,4 ҳазор нафарашон ҳамчун сайёҳон арзёбӣ мешаванд. Шумори сайёҳони хориҷӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 42,1% афзудааст.

Дар ин давра 284,7 ҳазор нафар шаҳрвнадон аз кишварҳои ИДМ ва 11,4 ҳазор нафар – аз кишварҳои хориҷи дур ба Тоҷикистон омадаанд.

Шумори аз ҳама бештари вуруд аз Ӯзбекистон (197 ҳазор нафар), Русия (43,2 ҳазор), Қирғизистон (37,1 ҳазор) ва Қазоқистон (4,7 ҳазор) сабт шудааст.

Байни давлатҳои хориҷи дур шумори бештари вуруд аз Афғонистон (3 ҳазор нафар), Чин (1,2 ҳазор), Туркия (900 нафар) ва Эрон (400 нафар) ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тӯли се моҳи соли ҷорӣ ба хориҷи кишвар рафтаанд, 638,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 214,3 ҳазор нафар ё худ 50,5% зиёдтар мебошад.

Бино ба маълумоти Агентии омор, ба аввали соли равон дар Тоҷикистон 161 ширкати сайёҳӣ, 184 меҳмонхона, 26 хостелу мотел (хобгоҳҳо), 44 осоишгоҳ, 9 маркази истироҳату солимӣ, 9 хонаи истироҳат, 1 пансионат (осоишгоҳ), 1 кемпинг ва 3 пойгоҳи сайёҳӣ фаъолият мекунанд.

Шумори кормандони субъектҳое, ки хизматгузориҳои сайёҳӣ пешниҳод мекунанд, наздики 232 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки аз охири моҳи январ бо сабаби хуруҷи коронавирус баста шудани сарҳадҳои Тоҷикистон бо дигар давлатҳо шурӯъ шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.