Семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 4 млн 85 ҳазор доллар кумаки башардӯстона ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (беш аз 18,5 млн доллар) 4,5 баробар камтар мебошад.

Тавре Агентии омори назди президенти ҶТ хабар медиҳад, шумори кишварҳои мададрасон дар ин давра аз 37 давлат дар семоҳаи аввали соли гузашта то ба 42 кишвар дар ҳамин давраи соли ҷорӣ зиёд шудааст.

Миёни кишварҳои мададрасон вазни қиёсии бештар аз рӯйи арзиши кумаки башардӯстона ба Чин (34,3%), Русия (21,1%), Ҳиндустон (8,7%), Қазоқистон (5,7%), ИМА (5%), Олмон (4,5%) ва дигар давлатҳо рост меояд.

Давоми моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ Русия (15,6% аз ҳаҷми умумии кумак), Швейтсария(14,5%), Ҷопон (4%) ва Чин (3,7%) кишварҳои асосии мададрасони Тоҷикистон дониста шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.