Чанде пеш дар Лондон Маркази фарҳанги тоҷикон боз шуд. Фаъолияти он ба таблиғи фарҳанги тоҷикон дар Британияи Кабир ва саросари ҷаҳон равона мегардад. Раҳбарии ин Ташкилоти ғайридавлатиро коргардон ва шоира Аниса Собирӣ ба уҳда гирифт, ки дар бораи нахустин намоишгоҳи маркази нав  бахшида ба ҷашни Наврӯз маълумот дод.

Тибқи нақша, мусаввараҳо бояд дар майдони воқеӣ намоиш дода мешуданд, лекин бар асари хуруҷи коронавирус чорабинӣ баргузор нашуд. Аз ин рӯ, дастандаркорони намоишгоҳ тасмим гирифтанд, ки ин рӯйдодро тариқи онлайн пешкаш кунанд.


Дар ҳамдастӣ бо галереяи Zari Gallery-и Лондон ва бо дастгирии сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир онҳо намоишгоҳи виртуалӣ боз намуданд, ки онро метавон тариқи компютер ё смартфон тамошо кард. Он бо суроғаи https://zarigallery.co.uk/nowruz/ қобили дарёфт аст.

Айни замон дар он ҷо бо асарҳои 46 нафар рассомон – Фаррух Неъматзода, Олим Камолов, Эраҷ Олимов, Баҳром Исматов ва Раҳим Сафаров, инчунин нигораҳои галереяи санъати муосири Тоҷикистон шинос шудан имкон дорад.


Расмҳоро аз ҳама гуна нуқтаи ҷаҳон метавон тамошо кард, ки ба иҷрои рисолати намоишгоҳ – пешбурди фарҳанги тоҷикон таъсири мусбат мерасонад. Хоҳишмандон асарҳои барояшон писандомадаро харида метавонанд.

Намоишгоҳи виртуалӣ таҷрибаи нахустини марказ буда, минбаъд ҷалби бештари рассомон аз Тоҷикистонро дар нақша дорад ва ба онҳо барои ба сатҳи байнулмилалӣ роҳ ёфтан кумак мекунад.


Ояндаи наздик бо дастгирии ВАО-и Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузории онлайн-консертҳои мусиқии миллии тоҷикӣ дар назар аст.

Аниса мегӯяд, шакли онлайн ба намоишгоҳ имкон дод, ки сатҳи фарогирии тамошобинонро васеъ кунад. Одамон аз кишварҳои гуногун бо фарҳангу ҳунари тоҷикон ошно шуда, ҳатто корро фармоиш дода метавонанд. Ин тарзи навоварона аст. Шояд дар Тоҷикистон низ ба баргузории онлайн-намоишгоҳҳо шурӯъ мекунанд, чунки ин осонтару дастрас ва қулай мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.