Рӯзи 16 апрел ҶСК “Тоҷикгидроэлектромантаж”ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус як миқдор молу мавод ва таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, тестҳо барои муайян кардани сирояти коронавирус ва либосҳои муҳофизатӣ барои кормандони соҳаи тандурустӣ  ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе тақдим кардааст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Тоҷикистон Саида Умарзода зимни супоридани молу мавод ва  таҷҳизоти тиббии мазкур иброз намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон Вазорати тандурустӣ дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба мамлакат корҳои назаррасро  амалӣ намуда истодааст.

Номбурда ҳамзамон иброз намуд, ки айни замон бо мақсади пешгирии интиқоли сирояти коронавирус дар мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳои мукаммал дар вазорату идораҳо мавриди амал қарор доранд.

1/4

“Хурсандиовар аст, ки имрӯз бисёр вазорату идораҳои мамлакат дар якҷоягӣ баҳри пешгирии интиқоли ин вирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар доранд”, - иброз дошт ӯ.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои президент Эмомалӣ Раҳмон  ва инчунин тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ корхонаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” иқдом гирифт, ки аз Ҷумҳурии  Мардумии Чин ба маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ  молу мавод ва таҷҳизоти тиббии заруриро харидорӣ ва ба соҳаи тандурустии мамлакат  тақдим намояд.

Ин иқдоми ҷамъияти мазкур имрӯз амалӣ карда шуд. Маҷмӯи  молу мавод ва таҷҳизоти зикршуда, ки айни замон ба соҳаи тандурустӣ тақдим карда шуданд, аз 10 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, беш аз 20 ҳазор тестҳо барои муайян кардани сирояти коронавирус ва инчунин 500 адад либосҳои муҳофизатӣ барои кормандони соҳаи тандурустии  мамлакат  иборат мебошанд.

“Ман аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромантаж” барои чунин кӯмаки беғаразонаашон дар ин лаҳзаҳои басо муҳим самимона изҳори миннатдорӣ баён менамоям”,- афзуд муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  ҷумҳурӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.